Барзу Абдураззоқов ба қирғизҳо "Қиёмат"-ро нишон дод (АКС)
Намоишномаи коргардони маъруфи тоҷик Барзу Абдураззоқов, ки аз рӯи асари “Қиёмат”-и Чингиз Айтматов таҳия шудааст, имрӯз, 20-уми июн дар шаҳри Бишкек манзури тамошобинон шуд.
Ин намоишнома дар ҳоле рӯйи саҳна омад, ки имсол аз 85-умин солгарди Чингиз Айтматов, нависандаи номвари қирғиз таҷлил мешавад. Барзу Абдураззоқов қаблан дар як суҳбати ихтисосӣ ба «Озодагон» гуфта буд, асари «Қиёмат»-ро бо хоҳиши худи қирғизҳо рӯи саҳна овардааст.
Қарор аст, моҳи сентябри соли равон бахшида ба солгарди Айтматов дар Қирғизистон як ҷашнвораи вижае баргузор шавад. Гуфта мешавад, намоишномаи «Қиёмат» маҳз барои ҳамин фестивал таҳия гардидааст.
Барзу Абдураззоқов мегӯяд, «Айтматов дар романи «Қиёмат» маъсалаи нобудшавии ҷаҳон ва нестшавии идеалҳоро бардоштааст. Ва ин эҳсоси ӯ бо эҳсоси ман наздиканд, ки ҷаҳон дар остонаи нобудӣ қарор дорад. Ман мебинам, ки имрӯзҳо на танҳо шар бар некӣ пирӯз шуда истодааст, балки мардум ҳама рӯй ба бадӣ меоваранд”.
Фарнуши Сиёвуш чанд аксро аз нахустин намоишномаи "Қиёмат" дар театри Бишкек ба мо фиристодааст, ки дар ихтиёри Шумо мегузорем.