Рустам Хоҷаев сармураббии тими “Хайр” таъин шуд
Рустам Хоҷаев, бозингари пешини тими миллии футболи Тоҷикистон сармураббии бошгоҳи “Хайр”-и шаҳри Ваҳдат таъин шуд.
Рустам Хоҷаев то ба курсии тренерии “Хайр” нишастан дар клуби “Истиқлол”-и Душанбе кор мекард ва дорои иҷозатномаи тренерии дараҷаи «В» мебошад.
“Бо сабаби он ки иҷрокунандаи вазифаи сармураббии клуби “Хайр” иҷозатномаи тренерии дараҷаи “В” надошт, раҳбарияти даста Рустам Хоҷаевро интихоб кард. Умедворем, ӯ ҳамроҳ бо клуб барои расидан ба ҳадафҳои дарпешгузоштаи раҳбарияти даста талош мекунад”,-гуфтааст Қутбиддин Хайров, президенти тими “Хайр” ба блоги fckhair.wordpress.
Баъди даври аввали мусобиқаи Лигаи олии Тоҷикистон оид ба футбол тими “Хайр” бо 17 имтиёз дар ҷои сеюм қарор дорад.