Ҳимояти Устод Қаноат ва рӯшанфикрони дигар аз Равшан Собиров
Ҳудуди 100 рӯшанфикри тоҷик, бо шумули Мӯъмин Қаноат, Ойниҳол Бобоназарова, Салими Зарафшонфар ва Маҳмуд Қосимӣ, бо ирсоли як нома аз вакилони парлумони Қирғизистон хостаанд, қазияи Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони ин кишвар, холисона таҳқиқ шавад.
Оқои Собиров, ки вазорати рушди иҷтимоии Қирғизистонро низ уҳда мекард, соли гузашта бо ҷурми гирифтани “пора” боздошт ва зиндонӣ гардид. Дар номаи ин гуруҳ аз рӯшанфикрони тоҷик таъкид шудааст, ки “мо мехоҳем, қазияи Равшан Собиров холисона таҳқиқ ва баҳогузорӣ шавад.”
Ба қавли онҳо, “бо усули солҳои 1937-ум ба додгоҳ кашидани намояндаи як миллати дӯст, ки раисии як созмони фарҳангиро ба ӯҳда дорад ва барои интихоби ӯ ба ин симат албатта, намояндагони ақлияти миллии Қирғизистон овоз додаанд, ба обрӯ ва имиҷи як кишвари демократие чун Қирғизистон зебанда нест.”
Онҳо дар номаи худ таъкид кардаанд, ки манфиатҳои миллии Тоҷикистону Қирғизистон имрӯз аз ҳарвақта дида бештар тақозо мекунад, ки “бо ҳамдигар наздику қарин ва муттаҳид бошем ва дар бисёр масъалаҳои минтақавӣ маркази муштараки тасмимгирӣ дошта бошем”. Аммо ба навиштаи онҳо дар бисёре аз мавридҳо акси ин амал мушоҳида мешавад.
“Ду кишваре, ки қариб 80 дарсади захираи оби минтақаро дар ихтиёри худ доранд, барои об ба ҳамдигар моҷаро мекунанд. Манзури мо ҳодисаҳои Ворух аст, ки масъалаи он як канали об мебошад. Маълум аст, ки ин масъала ва баланд кардани сару садоҳо дар мавриди кам кардани шумораи мактабҳои тоҷикӣ дар Қирғизистон ва қазияи Равшан Собиров амалҳое мебошанд, ки аз як маркази зиддитоҷикии ғайриқирғизӣ алайҳи дӯстии ин ду кишвар таҳия мешаванд”,-омадааст дар нома.
Гурӯҳи равшанфикрони тоҷик ба намояндагони мардуми қирғиз савол пеш овардаанд, ки “Худо накарда Ҳукумати Точикистон бо ҷурми порагирии ёвар, ягон мансабдори воломақоми қирғизтабори кишварашро муттаҳам ба порагирӣ намуда, дар ҳаққи ӯ чунин ҳукм мекард, оё Шумо ин беадолатиро қабул мекардед?”
Равшан Собиров, вазири рушди иҷтимоӣ ва раҳбари ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон ба номи “Рӯдакӣ”, панҷуми июли соли 2012 боздошт ва ба боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Қирғизистон интиқол ёфт. Додгоҳи ноҳияи Первомайски Бишкек Собировро моҳи ноябри соли 2012 «сафед» эълон кард. Аммо додситонии кулли Қирғизистон парвандаи Собировро аз нав ба баррасӣ гирифта, ба додгоҳ ирсол намуд, ки бо панҷ сол ҳукми зиндон ва мусодираи амволаш поён ёфт.
Дар акс: Равшан Собиров, раиси ҷамъияти тоҷикони Қирғизистон