“Мовароуннаҳр” дар банди фоизҳои бонки Ҳасан Асадуллозода
Шуҳрат Исматуллоев, муовини аввали Ҳасан Асадуллозода, раиси «Ориёнбонк», бо ирсоли як нома ба ширкати “Мовароуннаҳр” барои ба номи муштариёни ин ширкат ҳуҷҷатгузорӣ шудани биноҳое, ки аз ҳабс озод шудаанд, мухолифат нишон додааст.
Бузургмеҳр Ёров, вакили мудофеи ширкати «Мовароуннаҳр», рӯзи 20-уми июн дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, намояндагони «Мовароуннаҳр» бо ариза аз «Ориёнбонк» хостанд, амволро аз гарав озод карда, ҳуҷҷатҳои аслиро диҳад, то хонаҳои мардумро расман ҳуҷҷатгузорӣ намуда диҳанд.
Ба гуфтаи вакили мудофеъ, “Ориёнбонк” тавассути як мактуб ин дархостро рад карда, изҳор доштааст, ки «Мовароуннаҳр» аз ин бонк наздики 5 миллион сомонӣ қарздор мебошад.
Ин дар ҳолест, ки Бузургмеҳр Ёров таъкид намуд, “аз рӯи ҳисобу китоби Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон ширкати «Мовароуннаҳр» аз “Ориёнбонк” ҳудуди 2 миллиону 400 ҳазор сомонӣ, аз ин дигар на каму на зиёд қарздор мебошад. Аммо панҷ миллион аз куҷо баромад, бояд баррасӣ шавад.”
Ёров дар мавриди афзудани қарзҳо аз ҳисоби фоизу ҷаримаҳо барои саривақт напардохтани қарз афзуд, “қонунгузорӣ мегӯяд, агар ягон шароити ногувор ба вуҷуд биёяд, пас, дар ин ҳолат тарафҳо аз уҳдадорӣ озод карда мешаванд. Ин аст, ки “Ориёнбонк” нисбати “Мовароуннаҳр” набояд ҷаримаю фоизбандӣ татбиқ намояд. Ба ҳама маълум аст, ки муддати се сол ҳамаи амволи "Мовароуннаҳр аз тарафи мақомоти қудратӣ ба ҳабс гирифта шуда буд ва имкони фаъолият кардан надошт.”
Бузургмеҳр Ёров илова намуд, намояндагони «Мовароуннаҳр» мегӯянд, пештар аз дигар бонкҳои Тоҷикистон дида, «Ориёнбонк» онҳоро бештар дастгирӣ мекард ва ҳозир ҳам умед доранд, ки мушкилоташон ҳал хоҳад шуд. Қаблан "Мовароуннаҳр" ба гарави биноҳо аз ин бонк қарз гирифтааст.
Ёдрас менамоем, фаъолияти ширкати «Мовароуннаҳр» баъд аз ҳабси Ҷӯрабек Охунов, раиси пешини он дар соли 2010 қатъ шуда, суратҳисоб ё худ молу амволи ин ширкат ба ҳабс гирифта шуд. Саҳҳомони ширкат мегӯянд, мақомот ба ҳар далел монеи давоми кори ширкат мешаванд ва имкон намдиҳанд, ки ширкат биноҳои нимсохтаашро ба итмом расонад ва мизоҷонро бо хона таъмин намояд.
Аммо ахиран раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, ба қазияи муштариёни ин ширкат дахолат карда, дастур дод, ки масъалаи онҳо омӯхта ва ҳал шавад.