"Кӯҳҳои Помир” ба феҳристи мероси ҷаҳонии ЮНЕСКО шомил шуд
Дар Иҷлосияи 37-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО Боғи миллии Тоҷикистон -- “КӯҳҳоиПомир” ба рӯйхати мероси ҷаҳонӣ ворид шуд.
Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати фарҳанги Тоҷикистон хабар дода, афзуданд, чорабинии мазкур дар пойтахти Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардидааст.
Ба иттилои манбаъ, дар доираи ин чорабинӣ вазири фарҳанги Тоҷикистон, Мирзошоҳрух Асрорӣ ба дабири кулли ЮНЕСКО, Ирина Бокова барои ҳимоят аз пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон изҳори сипос намуда, иброз доштааст, ки ҳифзи мероси фарҳангию таърихии кишвар яке аз самтҳои муҳими фаъолияти ҳукумат ва Комиссияи миллӣ оид ба масъалаҳои илм, маориф ва фарҳанг маҳсуб мешавад.
Дар мулоқот инчунин вазъи омодагӣ ба баргузории Конфронси байналмилалии оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки дар шаҳри Душанбе моҳи августи соли ҷорӣ баргузор мешавад ва дар он иштироки Дабири кулли ЮНЕСКО пешбинӣ гардидааст, баррасӣ шудааст.