Оғози баҳси 180 ҳазор сомонӣ барои марги Баҳромиддин
Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур ҳафтаи оянда даъвои Ниёзбӣ Бӯриева, модари як боздоштшудаи фавтида, Баҳромиддин Шодиевро дар мавриди рӯёнидани 180 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ аз Вазорати умури дохилии Тоҷикистон баррасӣ мекунад.
Гулчеҳра Холматова, вакили мудофеи наздикони Баҳромиддин Шодиев, рӯзи 20-уми июн дар суҳбат ба хабаргузории «Озодагон» гуфт, пас аз 2 моҳи муроҷиати модари Баҳромиддин Шодиев, рӯзи 19-уми июн додгоҳи ноҳияи Шоҳмансур хабар дод, ки барасии ин муроҷиатномаро ҳафтаи оянда оғоз мекунад.
Баҳромидин Шодиеви 28-сола моҳи октябри соли 2011 аз тарафи маъмурони милисаи ноҳияи Шоҳмансур бо иттиҳоми дуздӣ боздошт шуда ва пас аз даҳ рӯз дар беморхонаи Қарияи боло даргузашт, ки гуфта мешавад ин ҳодиса бар асари латтукубаш аз ҷониби маъмурин сурат гирифтааст.
Ин дар ҳолест, ки моҳи марти соли ҷорӣ Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе, Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистонро муваззаф намуд, ки ба хонаводаи Сафаралӣ Сангов, як сокини Душанбе беш аз 46 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохт кунад ва ахиран ин қарор бетағйир гузошта шуд. Ин миқдор маблағ ба унвони ҷуброни маънавии марги Сафаралӣ Сангов ҷудо карда мешавад, ки моҳи марти соли 2011 бо ҷароҳатҳои вазнин аз шӯъбаи дувуми милисаи ноҳияи Сино ба бемористон оварда шуд, аммо баъди 4 рӯз даргузашт.
Инчунин ҳамсари Исмоил Бачаҷонов, як маҳбуси фавтидаи дигар аз идораи зиндонҳои вазорати адлия 30 000 сомонӣ товон рӯянда буд. Ҳамаи ин ҳодисаҳо аз пурсарусадотарин мавридҳое буд, ки мавзӯъи шиканҷа дар ниҳодҳои интизомии Тоҷикистонро расонаӣ кардааст.
Дар маҷмӯъ, то имрӯз се мавриди аз мақомот ҷуброн хостани хонаводаҳои онҳое маълум аст, ки дар шароити боздоштгоҳ ё зиндон даргузаштаанд.