Зидан ба Қазоқистон меояд
Зайниддин Зидан, футболбози маъруфи ҷаҳон ба Қазоқистон меояд.
“Бо Зидан гуфтугуҳо идома доранд. Ҳоло шарту шароити омаданашро баррасӣ дорем”,-гуфтааст дафтари матбуотии раҳбари вилояти Қазоқистони Шарқӣ.
Зайниддин Зидан дар доираи барномаҳои таҷлил аз 100 солагии футболи Қазоқистон ба ин кишвар хоҳад омад. Зидан, яке аз бозингарони шинохтаи ҷаҳон буда, дар гузашта бозингари клуби “Реал”-и Мадрид ва тими миллии Фаронса буд. Ӯ се маротиба беҳтарин футболбози ҷаҳон эътироф шуда, соли 1998 ҷоизаи “Тӯби тилоӣ”-ро соҳиб шудааст.
Гуфта мешавад, дар доираи чорабиниҳои ҷашнӣ ҳамчунин тирамоҳи имсол мунтахаби футболи Қазоқистон дар шаҳри Остона бо яке аз тимҳои миллии шинохтаи ҷаҳон – Испания, Италия, Фаронса ва ё Ҳолланд бозии дӯстона анҷом медиҳад.