Мақомот мегӯянд, қарзҳоро бармегардонанд. Коршиносон -- ҳайрон
Ҳумайрои БАХТИЁР
Вакилони Маҷлиси Намояндагон рӯзи 19-уми июн ду созишномаи қарзии имтиёзнокро бо “Эксимбонк”-и Чин ба тасвиб расонданд. Маблағи умумии ин ду созишнома 58 миллион долларро ташкил медиҳад, ки аз ин ҳисоб 35,1 миллионаш барои барқарорсозии зеристгоҳи барқии “Регар-500 кВт” ва 23 миллионаш барои насби дурбинҳо дар роҳҳои Душанбе ихтисос дода мешавад.
Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи Тоҷикистон, зимни муаррифии созишномаҳои қарзии “Барқарорсозии зеристгоҳи барқии Регар-500 кВт” ва “Низоми худкори идоракунии нақлиётӣ дар шаҳри Душанбе-Шаҳри бехатар” гуфт, хусусияти фарқкунандаи ин аснод дар он аст, ки давомнокии пардохти қарзҳо 9 солро дар бар мегирад. Дар ҳоле ки дар гузашта, ба гуфтаи ӯ, ин муҳлат ҳамагӣ 7 сол будааст.
Бино бар иттилои Вазорати молияи Тоҷикистон, қарзи хориҷии ин кишвар ба 1-уми январи соли 2013 ду миллиарду 169 миллион доллар, яъне 28,5 дарсади маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медод.
Шокирҷон Ҳакимов, коршиноси тоҷик, мегӯяд, агарчӣ масъулони давлатӣ афзоиши қарзҳои берунии кишварро муътадил арзёбӣ мекунанд, аммо мутобиқи таҷрибаи ҷаҳонӣ ва илмӣ он нигаронкунанда мебошад. “Агар ҳоло ин қарзҳоро барои бунёди корхонаҳои истеҳсоливу саноатӣ истифода бикунем, пас, метавонем бигӯем, ки дар оянда имкони пардохти он ба вуҷуд омада, барои мо ҳеч хатаре нахоҳад дошт”,-гуфт Ҳакимов.
Ин дар ҳолест, ки Фирӯз Саидов, масъули маркази тадқиқоти стратегии Тоҷикистон мегӯяд, дар ҳоли ҳозир имкони равона кардани қарзҳои давлатӣ барои бунёди корхонаҳои саноативу истеҳсолӣ вуҷуд надорад. “Тамоми қарзҳои давлатиро барои сохтани роҳҳову тунелҳо ва ё нигоҳдории бахши энержӣ истифода мекунем. Ин аз ҳисоби макроиқтисодӣ дуруст аст. Зеро чӣ гуна корхонаи навбунёдшуда метавонад даромад биёрад, вақте мушкилоти роҳ вуҷуд дорад”,-таъкид кард ӯ.
Оқои Саидов дар идома гуфт, ҳаҷми умумии қарзҳои хориҷии Тоҷикистон ба ҳадде нарасидааст, ки онро бояд ташвишовар хонд. Чун, ба гуфтаи ӯ, он камтар аз меъёрҳои муаяйнкардаи ҷаҳонист. “Имкони баргардонидани ин қарзҳо вуҷуд дорад, чун ҳамасола бар иловаи даромади дохилӣ, ҳамчунин маблағҳои муҳоҷирин ҳам ба иқтисодиёти мо ворид мешаванд, ки он ҳам кам нест”,-гуфт Фирӯз Саидов.
Аммо Шокирҷон Ҳакимов мегӯяд, барои беҳтар кардани фазои иқтисодии кишвар ҳукумати Тоҷикистонро лозим аст, то дар бахши иқтисод ислоҳоти густардаро роҳандозӣ кунад. “Зеро агар дар гузашта созмонҳои байналмилаливу кишварҳои ёрирасон ба Тоҷикистон кумакҳои бебозгашт мекарданд, имрӯз онҳо аз ин амал худдорӣ мекунанд”,-гуфт ӯ.
Мусоҳиби мо афзуд, “сабаби аслии ин амали онҳо фасод дар сатҳи болоии ҳукумати Тоҷикистон мебошад. Барои ҳамин, созмонҳои байналмилалӣ ба қарз додан гузаштаанд, чун аз ин худ низ фоидаи бештар ба даст меоранд”.
Чанд сол қабл пас аз анҷоми як аудити байналмилалӣ дар зерсохторҳои молиявии Тоҷикистон эълон гардид, ки маблағҳои ба бахши кишоварзӣ ҷудо шуда, ё ғайб мезананд, ё ғайримақсаднок истифода мешаванд. Чунин натиҷагирии аудит боси он гардид, ки чанде аз созмонҳои калидии сармоягузор аз ҷудо кардани қарз ба ҳукумати Тоҷикистон бо нишони эътироз даст кашида, гуфтанд, ки аз ин ба баъд ба Тоҷикистон танҳо дар шакли ёрии бебозгашт маблағ ҷудо хоҳанд кард.