Огоҳӣ ба овозхонҳо: Танҳо дар васфи Ватан сароед!
Мақомоти Узбакистон овозхонҳои ин кишварро огоҳ кардаанд, ки бештар дар васфи Ватанашон тарона иҷро кунанд.
Ин аст, ки дар ин кишвари Осиёи Марказӣ бештари ҳунармандони маъруф ё аз дарёфти иҷоза барои таронахонӣ маҳрум шудаанд ва ё дар бораи “сурудҳои беҳуда” ва “номувофиқ ба фарҳанги миллӣ” огоҳинома гирифтаанд.
Аз ҷумла, Дилфуза Раҳимова, ҳунарманди хизматнишондодаи Узбакистон, Отабек Муталхӯҷаев, Дилшод Раҳмонов ва гурӯҳҳои мусиқии Уммону Манго натавонистаанд муҷаввиз дарёфт кунанд. Uzbeknavo мегӯяд, ҳунармандони хизматнишондодаи Узбакистон -- Иззатилло Иброҳимов, Собирҷон Мӯъминов, Алишер Турдиев, Равшан Комилов, Тоир Қузиев, Ҳулкар Абдуллоева ва Фарҳод Саидов огоҳии махсус гирифтаанд, ки то якуми июли соли ҷорӣ камбудҳояшонро ислоҳ намоянд.
Ин қарорро Шӯрои рушди санъати эстрадӣ дар назди Иттиҳодияи консертии эстрадии Узбекнаво содир кардааст. Ба гуфтаи афъзои ин шӯро, осори ин сарояндагон ҳам аз нуқтаи назари мусиқӣ ва ҳам талаботи санъати сарояндагӣ мувофиқ набудааст.
“Ин сарояндагон асосан дар тӯйҳо ва дигар ҷашнҳои оилавӣ месароянд. Суруди онҳо ба фарҳанги миллии мо мувофиқ набуда, ба арзишҳои маънавӣ ва менталитети мардуми мо мухолифанд”,-навиштааст торнамои Узбекнаво.