Сафари Мезентсев дар пасманзари “қисса”-и ҷангиёни тоҷику узбак
Дмитрий Мезентсев, дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой (ШОС), шоми 19-уми июн ба Тоҷикистон омадааст. Дар ин бора ба “Озодагон” аз Вазорати умури хориҷӣ иттилоъ дода ва гуфтанд, қарор аст, оқои Мезентсев бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон мулоқот кунад.
Манбаъ гуфт, дар ин дидори дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бо президент Раҳмон “рушди ҳамкории ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталиф баррасӣ хоҳад шуд”.
Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар соли 2001 ташкил шуда ва дар он Русия, Чин, Қазоқистон, Қирғизистон ва Тоҷикистон шомиланд. Ин созмон бо ҳадафи ҳамкорӣ алайҳи густариши нуфузи исломгароёни тундрав дар минтақа ташкил ёфтааст.
Сафари дабири кулли Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ба Тоҷикистон дар ҳоле сурат мегирад, ки хабарҳо дар бораи афзоиши ҷангиён дар шимоли Афғонистон бештар ба гӯш мерасанд. Ахиран Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, низ аз ин вазъ нигаронӣ карда ва дар суҳбат бо як нашрияи Қувайт гуфта буд, ки ҷангиёни узбаку тоҷик ният доранд, аз Афғонистон ба хоки кишварҳои Осиёи Марказӣ ворид шаванд.