Даъват аз ҳукумат ва мухолифин: Ҷавонон ҳаққи бештар доранд!
Дуруд, хонандаи гиромӣ!
Бо иҷозаи Шумо, ин бор аз боби ҷавонон сухан мекунем.
Ҷавонтарин кадри ҳукумат аз доираи руасову вузаро (раисону вазирон) - раиси Кумитаи сармоягузорӣ ва амволи давлатии кишвар Давлаталӣ Саидов аст, ки 44 сол дорад. Ҷавонтарин?!
Наздики ду миллион шаҳрванди Тоҷикистон ба Русия барои кор (баъзан ҳатто ғуломӣ) рафтаанд. Аксариятро ҷавонон ташкил медиҳанд. Ҳар сол то 800, баъзан аз ин ҳам зиёдтар тобути ҳамватанони моро аз Русия ба Ватан мефиристанд, ки қисми зиёди онҳо низ ҷавононанд.
Яке аз нишонаҳои қавӣ будани давлатро аз шароити хуби артиши он муайян мекунанд. Барои ман кишвари Швейтсарияро мисол наоред. Он кишвари истисноист. Барои чӣ истиноӣ? Чунки он кишвар дар зери ҳимояи байналмилалӣ қарор дорад ва ниёзе барои таъсиси артиш ҳам надорад. Ҷавонони мо мегурезанд ва пул медиҳанд, ки ба аскарӣ нараванд.
Чаро? Зеро шароити артиши мо нигаронкунанда аст.
Ҷавонони шаҳрӣ дар кишвари мо то андозае як зиндагии беҳтар доранд. Яъне, шароит дар шаҳр хубтар аст. Ҷавонони деҳот бошанд, бадбахтанд. Ҳарчанд онҷо беҳтарин ҷавонон зиндагӣ мекунанд, аммо нерӯи ҷисмонӣ ва ақлонии онҳо барои корҳои созанда равона карда нашудааст. Ҷавониро надида зуд пир мешаванд, мутаассифона.
Имрӯз ҷавонон аз хондан дилсард шудаанд. Ҷавонони сазовори мо хуб мебинанд, ки имрӯз аҳли зиёи мо дар чӣ вазъ қарор доранд. Ба ҳолашон гиряи одам меояд.
Ҳарчанд гуфтаниҳо зиёданд, аммо вақти зиёди Шуморо барои хондани матлаби худ гирифтан намехоҳам. Беҳтараш ягон китоб хонед, китобҳои беҳтаринро, нависандаҳои маъруфро. Ҳақорат накунед, хонед. Худо хоҳад, рӯзҳои хуш дар пешанд.
Ҳоло мо чунин як имконе надорем, ки ҳамаи ҷавонони кишварро бо кор таъмин кунем. Аммо ҷавонони эҷодкор, варзишгар, олим, донишманд, арзандаи беҳтарин шароит ҳастанд. Онҳоро бояд дастгирӣ кунем. На танҳо давлат, балки мухолифини ҳукумат низ ва сарпарастони берун аз сиёсат ҳам бояд ба онҳо шароитҳо фароҳам биоваранд. Ҳадди ақал як зиндагие мисли зиндагии фарзандони Шумо – ҳукуматиён бояд дошта бошанд онҳо! Онҳо метавонанд моро такон диҳанд, ба пешрафт баранд ва хуб муаррифӣ кунанд.
Халил ҚАЮМЗОД