Марямбонуи Фарғонӣ ҷоизаи имсолаи Айниро соҳибӣ кард
Марямбонуи Фарғонӣ, нависандаи тоҷик, барандаи ҷоизаи адабии Иттиҳоди адибони Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ шудааст. Барои дарёфти ин ҷоиза Аброри Зоҳир ва Равшани Махсумзод низ номзад будаанд.
Марямбонуи Фарғонӣ ин ҷоизаро барои китоби “Шаҳболи хаёл”-аш дарёфт кардааст. Худи ӯ ин хабарро тасдиқ кард, вале гуфт, то замони нашри ин хабар дар ҳафтаномаи “Адабиёт ва санъат” наметавонад ҷузъиёти бештари ин хабарро ошкор кунад.
Ҷоизаи адабии ба номи Садриддин Айнӣ соли 1989 таъсис ёфта, дар ду сол як бор тақдим мешавад. Нахустин бор ин ҷоизаро Баҳром Фирӯз, нависандаи маъруфи тоҷик, дарёфт карда,Баҳманёр, Ҷонибеки Акобир, Бароти Абдураҳмон ва дигарон низ онро соҳиб шудаанд.
Дар акс: Марямбонуи Фарғонӣ, нависандаи тоҷик