Маҳкумияти се модари ҷавон барои “авбошӣ”
Аз 5 ҷавонзани муттаҳам ба авбошӣ дар вилояти Суғд, 3 нафараш яксолӣ ба зиндон маҳкум шуда, зани чорум дар интизори ҳукм ва як нафари дигар дар ҷустуҷӯ қарор дорад.
Дар ин бора ба хабаргузории “Озодагон” Шӯҳрат Аҳроров, додраси додгоҳи Хуҷанд хабар дода, афзуд, ки ҳукми зани 4- ум дар назар аст, ки 24-уми июни соли равон содир гардад.
Шуҳрат Аҳроров изҳор дошт, ки ин занҳо моҳи октябри соли 2012 дар клуби шабонаи “Хваканта” зимни қайди зодрӯзи як дугонаашон занозанӣ кардаанд: “Дар ин шабнишинӣ 23 зан ҳузур доштаанд ва дар паи муноқиша 2 нафарашон ба ҳавлии клуби мазкур баромада занозанӣ ва рӯйканию мӯйканӣ кардаанд. Ҳамон замон нисбати 2 нафараш парвандаи ҷиноӣ бо ҷурми авбошӣ кушода шуда ба суд равон гардид. Зимни мурофиаю тафтишот муайян гардид, ки 3 нафар зани дигар низ дар ин ҷанҷол иштирок доштаанд ва нисбати онҳо низ парвандаи ҷиноӣ кушода шуд. Аз ин панҷ зан чортоашон айни ҳол боздошт шуда, зани панҷум дар ҷустуҷӯ қарор дорад.”
Аҳроров дар мавриди занҳое, ки яксолӣ ҳукми зиндон гирифтаанд, афзуд, ки аз сабаби доштани кӯдаки хурдсол ва таъмингари оила будани ин занҳо, татбиқи ҳукм нисбати онҳо, то 8-сола шудани кӯдаконашон мавқуф гузошта шуд. Додрас изҳор дошт, ки маҳкумшудагон аз қарори додгоҳ розӣ мебошанд: “Инҳо як нафараш сокини шаҳри Ваҳдат, як нафари дигар сокини ноҳияи Ҳисор, нафари дигар сокини шаҳри Душанбе ва 2 нафараш сокини ноҳияи Ашт мебошанд.”