Оташсӯзӣ дар манзили як сокини шаҳри Душанбе
Дар хиёбони «Маяковский»-и шаҳри Душанбе аз сабаби бе назорат гузоштани асбобҳои барқӣ як манзили истиқоматӣ ва ашёҳои рӯзгор сӯхта корношоям гардид.
Тавре Рухшона Боева, муҳандиси шӯъбаи сарраёсати ХДО-и ВКД ба хабаргузории «Озодагон» иттилоъ дод, аснои таҳияи ғизо барои хонавода, аз тарафи соҳибхоназан Надежда Илина дар ҳуҷраи 27-и кӯчаи номбурда, бино ба сабаби беназорат гузоштани асбоби барқӣ сӯхтор ба вуқӯъ пайвуаст. Алангаи оташ дар масоҳати 10 метри мураббаъ молу ашёҳои хонаро сӯхта корношоям гардонид.Ба замми ин писари соҳибхона Владимир Илин аз алангаи оташ як қисми рӯй ва дастонаш ҷароҳат гирифтааст. Сӯхтори аз тарафи оташнишонон дар зарфи 30-дақиқа хомӯш карда шуд.
Аз рӯи ҳисобҳои пешакӣ зарари модии сӯхтор ҳудуди 1000 сомониро ташкил медиҳад. Ба иттилои манбаъ, ҳафтаи сипаришуда дар миқёси ҷумҳурӣ 22-ҳодисаи оташсӯзӣ ба қайд гирифта шуда, хисороти ворида ба 39 ҳазору 470 сомонӣ баробар аст.{jathumbnail off}