Бобоев дар бораи Ҳукумов, Атовуллоҳ ва маоши президент
Ғулом Бобоев, раиси Раёсати адвокатҳои вилояти Хатлон, иддао дар бораи раҳоии Рустам Ҳукумов, писари раиси ширкати Роҳи оҳани Тоҷикистон, бар ивази озодии ду халабони як ширкати русро рад кардааст.
Оқои Бобоев дар гузашта аз ҳуқуқи Руденко ва Садовничий, ду халабони як ширкати русӣ, ҳимоят мекард, ки ду соли пеш аз сӯи мақомоти Тоҷикистон барои бидуни иҷоза фуруд омадан дар хоки ин кишвар боздошт шуда буданд.
Ин ҳарфҳои Ғулом Бобоев дар посух ба Додоҷони Атовуллоҳ, раҳбари ҷунбиши сиёсии “Ватандор”, гуфта шудаанд, ки дар як баромадаш дар телевизиони “К+” раҳоии писари Амонулло Ҳукуматулло, раиси ширкати Роҳи оҳанро, ба раҳоои ду халабони ширкати русӣ марбут дониста буд. Ғулом Бобоев дар матлабе бо номи “Рустам Ҳукумов бо сарнишинони тайёра иваз нашудааст” дар нашрияи ҳукумати вилояти Хатлон гуфта, ки “дар ин қазия ягон бозии сиёсӣ набуд ва ин сухани Додоҷон Атовуллоев асоси воқеӣ надорад.”
Бино ба навиштаи ӯ, “ин нафарон мутобиқи се модда айбдор дониста шуда буданд. Дар муддати ҳашт моҳ - аз оғози мурофиа то тамомшавии он, ҳарчанд ба сафири Русия дар Душанбе хабар доданд, ягон нафари масъул пешашон наомада буд. Дар рафти тафтишот низ нисбат ба Рустам Ҳукумов ягон гап набуд ва зидди ӯ ҳам ягон гап нашуда буд. Баъд аз тафтишоти парванда суд ин сарнишинонро ҷавоб дод, вале Рустам Ҳукумовро баъд аз шаш моҳи ин кор адвокаташ раҳо кард. Онҳо агар иваз мешуданд, сараввал бояд Прокурори генералии Русия ба Ҳукумати Тоҷикистон мактуб ирсол мекард ва розигии моро мепурсид, аммо ин амал ҷой надошт.”
Дар идомаи ин суханонаш оқои Бобоев гуфтааст, он вақт сафири Русия ба ӯ таклиф карда буд, ки шаҳрвандии ин кишварро қабул кунаду нафақаи калон ба даст орад. “Ман ба дар ҷавоб як гап гуфтам: “Як порча замини Тоҷикистонро ба миллион давлати дигар намедиҳам”. Аммо Додоҷон ҳама чизро мегираду боз ба ҳамон парвандаи сарнишинон рабт медиҳад. Ин ҳама барои манфиати худаш аст. Ӯ барои фоидаи давлати тоҷикон ҳеҷ гоҳ гап намезанад”,-афзудааст раҳбари Раёсати адвокатҳои вилояти Хатлон.
Ӯ дар ин матлаби худ ҳамчунин аз интиқоди Додоҷони Атовуллоҳ нисбат ба кори ҳукумати феълӣ, бахусус раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон, норозигии худро баён доштааст. Ӯ навишта, ки “табақбардори ҳеҷ кас нестам. Бо Президент чор сол кор кардаам. Раиси Кумитаи қонунгузорӣ будам. Ӯ дар ҳоле давлатро қабул кард, ки ҳеҷ кас инро бар уҳда нагирифт... Дар мавриди маоши Президенти кишвар, ки Додоҷон наҳ мезанад, 18 ҳазор доллар мегирад, гуфтаниам, ки маоши аз ҳама паст аз Президенти мо мебошад. Дигар президентҳо 45-50 ҳазор доллар ва бештар аз ин маош мегиранд... Дар масъалаи тӯйи Рустами Эмомалӣ гуфтаниам, ки наход падар дар тӯйи фарзанд ҳаққи иштирок надошта бошад, ҳа? Худи Атовуллоев фарзанд дорад-ку. Ӯ магар меҳмон даъват намекунад?”
Пахши тӯи писари раисиҷумҳури Тоҷикистон дар телевизиони “K+” тавассути Додоҷони Атовуллоҳ вокунишҳоеро дар Тоҷикистон ба вуҷуд овард. Дар пайи пахши ин навор мақомот дастрасӣ ба шабакаи Ютуб ва ҳамчунин торнамои “K+”-ро масдуд карда, нашрияҳои давлатӣ матолиби интиқодиеро алайҳи оқои Атовуллоҳ ба табъ расонданд.
Раҳбари ҷунбиши сиёсии "Ватандор" гуфта буд, ин навори тӯйро аз Асадуллоҳ Раҳмонов, раиси Кумитаи радио ва телевизиони Тоҷикистон, дастрас кардааст. Аммо Ғулом Бобоев дар нашрияи расмии ҳукумати Хатлон ин иддаоро дурӯғ номида ва гуфтааст, ки пас аз нашри ин матлаб оқои Атовуллоҳ метавонад ӯро низ ба одамкушӣ ва ё ҷинояти дигар муттаҳам кунад.