Қирғизистон мизбони ҳамоиши раҳбарони ниҳодҳои сарҳадбонии ИДМ
Сар аз имрӯз, 19-уми июн то 21-уми моҳи ҷорӣ дар шаҳри Чолпон-Атои Қирғизистон мулоқоти кории раҳбарони ниҳодҳои сарҳадбонии кишварҳои узви ИДМ баргузор мешавад.
Расонаҳои Қирғизистон бо такя ба дафтари матбуотии Хадамотии давлатии сарҳадоти ин кишвар гуфтаанд, ки дар ҳамоиш намояндаҳои Тоҷкистон, Белорус, Қазоқистон, Русия ва Маркази зиддитеррористии кишварҳои аъзои ИДМ ширкат хоҳанд кард.
«Дар ин дидорҳо раҳбарони ниҳодҳои бахши марзбонии ҷамоҳири ИДМ мубодилаи таҷриба карда, аз нуктаҳои назоратии нақлиётӣ ва ҳавоии сарҳадоти Қирғизистон дидан мекунанд»,-хабар додаст манбаъ.
Ҳамчунин гуфта мешавад, вазъи феълии минтақа, рушди ниҳодҳои сарҳадбонӣ, самтҳои ҳамкориҳои минбаъда ва таъмини бехатарии марзи дохилӣ ва берунии ИДМ дар меҳвари суҳбати ширкаткунандаҳо хоҳад буд.