Сайид Қиёмуддини Ғозӣ: “Раҳбари шоиста набояд аз танқид тарсад”
Сайид Қиёмуддини Ғозӣ, рӯҳонии тоҷик, ращбари кишвареро, ки манофеи миллиро аз манфиатҳои шахсиву ҳизбӣ боло медонад, як бахши пешрафти кишвар донистааст.
Ӯ дар ин маврид дар посух ба суоли яке аз корбарони торнамои “Мисбоҳ” (торнамои хонаводагияш) посух гуфта, афзудааст, “бояд шахсе идораи кишварро ба ӯҳда дошта бошад, ки аз ҳаргуна интиқод истиқбол кунад, бо миллат робитаи хуб ва ҳасана дошта бошад, манофеи шахсӣ ва ҳизбии худро бар манофеи кишвар ва миллат муқаддам надорад.”
Сайид Қиёмуддини Ғозӣ ҳамчунин озодиву истиқлол ва рӯҳониятро ду “неъмати дигаре барои пешрафти моддиву маънавии кишвар” унвон кардааст. Ӯ гуфта, ки “озодӣ ва истиқлолият бояд дар ҳамаи арсаҳои як кишвар ва ҷомеа ҳоким бошад. Ақшори мухталифи як ҷомеа бояд озодона ақида ва назари худро бидиҳанд ва агар лозим бибинанд нақд ва интиқод низ бикунанд, ки нақд ва интиқод сабаби пешрафт аст. Рӯҳониён ислоҳгар ва тармимдиҳандаи афкор, қалб ва иродаи миллатанд. Рӯҳоният, нақши асосиро дар ҷомеаҳо бояд дошта бошанд. Махсусан, ки ҷомеаи мо ҷомеаи динист ва мардумони мо ошиқи дин ва раҳбарони динии худ ҳастанд.”
Сайид Қиёмуддини Ғозӣ дар торнамои худ ба даҳҳо суоли корбарон дар мавриди шариату ахлоқ низ посух гуфтааст. Ин рӯҳонии тоҷик, ки солҳои охир аз саҳна канор рафтааст, ҳамчунин наворҳои суханронии худ аз оғози солҳои навадумро низ дар торнамоаш ҷо додааст.
Оқои Ғозӣ дар даврони ҷанги дохилии Тоҷикистон кишварро тарк карда, дар Афғонистон зистааст. Торнамои "Мисбоҳ" менависад, "ҳоло эшон ба фаолиятҳои илмӣ машғул буда, ҳамакнун дар бисёре аз шаҳрҳо ва навоҳии ҷумҳурӣ ва низ дар хориҷи кишвар ба фаолиятҳои илмӣ ва таблиғӣ машғулият доранд.”