Расонаҳои русӣ: Тоҷикону узбакҳо дар Маскав бо ҳам задухӯрд кардаанд
Раёсати умури дохилии вилояти Маскав гуфтааст, бо иттиҳоми задухӯрди оммавӣ муҳоҷирони кори тоҷик ва узбакро боздошт кардааст.
Бино ба иттилои расида, ин задухӯрд дар назди маркази савдои ноҳияи Егоревск шоми дирӯз, 18-уми июн сар задаст. Гуфта мешавад, низоъкунандаҳо бо калтак ва санг «мусаллаҳ» будаанд.
Пулис гуфтааст, задухӯрд миёни шаҳрвандони Тоҷикистон ва Узбакистон дар пайи хусумати шахсӣ ба вуқӯъ пайвастааст.
Расонаҳои Русия гуфтаанд, эҳтимол нисбат ба боздоштшудаҳо парвандаи ҷиноӣ бо моддаи авбошӣ боз шавад.