Теъдоди "қурбониён"-и оббозӣ аз 20 нафар гузашт
Кумитаи ҳолатҳои фавқулоддаи Тоҷикистон аз ғарқ шудани як навраси 10-солаи дигар дар мавсими оббозии имсола хабар дод.
Ба иттилои ин ниҳод Насрулло Назруллоеви 10 сола, сокини деҳаи Бузуқи ҷамоати деҳоти Селбури ноҳияи Шаҳринав ҳангоми оббозӣ аз беэҳтиётӣ ба канали ноҳияи Ҳисор афтида, ғарқ мешавад.
Чанде қабл Кумитаи ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи граждании Тоҷикистон хабар дода буд, ки аз аввали соли равон то аввали моҳи равон дар кишвар 20 нафар зимни оббозӣ ғарқ шудаанд.
Ин ҳолатро Кумита ташвишовар хонда, аз шаҳрвандон ва меҳмонони Тоҷикистон даъват намуд, ки барои ҳимояи ҳаёти худ ва наздиконашон ҳангоми истироҳат ва шиноварӣ дар наздикии дарёҳо, каналҳо ва обанборҳо қоидаҳои бехатариро риоя намоянд ва аз оббозӣ дар ҷойҳои манъшуда ва дарёҳои тезҷараён худдорӣ кунанд.