Русия боз панҷ муҳоҷири тоҷикро “депортатсия” кард
Русия панҷ муҳоҷири тоҷикро, ки субҳи 19-уми июн аз Душанбе ба Маскав ва Екатеринбург парвоз карданд, аз фурудгоҳ бозпас гардонд. Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон мегӯяд, мақомоти Русия ба онҳо далели бозпас фиристодани муҳоҷиронро “нақзи қонун” номидаанд.
Ба иттилои манобеи Хадамоти муҳоҷират, ин афрод -- Қудратулло Қодиров, Абдуваҳҳоб Бӯриев, Мирзохӯҷаи Карим, Мӯсо Мӯсоев ва Анвар Сафаров мебошанд. “Тибқи қонунгузории Русия ба муҳлати се сол барои онҳо ворид шудан ба қаламрави ин кишвар манъ шудааст”,-афзуд манбаъ.
Субҳи 18-уми июн низ 17 шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург ва Нижний Новгороди Русия фаъолият менамуданд, аз қаламрави ин кишвар ихроҷ гардиданд.