Боздошти як ҷавонзан барои нигоҳдории мухаддирот дар Бадахшон
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, бо иттиҳоми нигоҳдории мухаддирот як ҷавонзан аз ноҳияи Рушони вилояти Бадахшон боздошт шудааст.
Ба иттилои манбаъ аз аз ҷониби кормандони ШВКД дар ноҳияи Дарвоз зимни гузаронидани чорабиниҳои оперативӣ-ҷустуҷӯӣ ҳамчун гумонбар дар ғайриқонунӣ нигоҳ доштани маводи нашъадор шаҳрванд Саъдуллоева Дилбар Сайфуллоевна соли таваллудаш 1976, сокини ноҳияи Рушон, дастгир карда шуд, ки ҳангоми азназаргузаронии манзили истиқоматиаш 1-халтаи полиэтиленӣ, ки дар дохилаш 5 килою 427 грамм маводи нашъадори «афюн» буд, дарёфт ва мусодира гардид. Ин ниҳод мегӯяд, аз рӯи ин ҳодиса парвандаи ҷиноӣ оғоз гардида, тафтиш идома дорад.
Ин дар ҳолест, ки рӯзи 18-уми июн ин ниҳод аз боздошти як зани 53-солаи дигар, Мирҷонова Сафархонум Аҳмадҷоновна соли таваллудаш 1960, сокини шаҳри Хуҷанд, хабар дод, ки аз ӯ ба миқдори 6 килою 127 грамм маводи нашъадори «ҳашиш» ва 1 килою 954 грамм маводи сахттаъсири «героин», ҷамъ ба миқдори 8 килою 081 грамм маводи мухаддир дарёфт ва мусодира карда шудааст.