Шаҳрванди Узбакистонро дар Амрико адвокати нав дифоъ хоҳад кард
Як паноҳандаи узбак, ки дар Амрико ба терроризм муттаҳам мешавад, вакили дифои нав гирифт.
Хабаргузории Ассошиэйтед Пресс менависад, додгоҳи шаҳри Бойси иёлоти Айдахо Чарлз Петерсонро адвокати Фазлиддин Қурбонов таъин кардааст. Ричард Рубин, вакили дифои пешини Қурбонов бо далели коҳиши буҷа аз идома муҳофизат кардани шаҳрванди Узбакистон даст кашид.
Адвокати нави ӯ соли 2004 Сами Ал-Ҳусейн, донишҷӯи саудиро, ки дар штати Айдахо таҳсил мекард, ҳимоя карда буд. Ҳусен дар сарфи фаҳмишҳои компютерияш барои кӯмак ба амалиёти террористии 11-уми сентябр муттаҳам мешуд, аммо додгоҳ ӯро сафед кард.
Фазлиддин Қурбонови 30 сола дар Амрико ба сифати ронандаи мошини боркаш фаъолият мекардааст. Ӯ 16-уми май бо иттиҳоми ҷалби одамон ба амалҳои террористӣ боздошт шуд. Қаблан, расонаҳо бо такя ба манобеи худ дар додситонии иёлати Айдаҳо навиштанд, ки Қурбонов давоми як соли ахир дар ҳамкорӣ бо дигарон аз гуруҳи Ҳаракати исломии Узбакистон бо фиристодани пули нақд ва нармафзорҳои компютерӣ, ҳимоят кардааст.
Фазлиддин Қурбонов ҳамчунин бо иттиҳоми дар ихтиёр доштани дастгоҳи инфиҷории ғайриқонунӣ ва тақсими маълумот дар бораи бомб ва силоҳҳои куштори ҷамъӣ гумонбар мешавад. Аммо дар аввалин баррасии додгоҳӣ ӯ иттиҳоми мазкурро рад карда гуфтааст, "бегуноҳ аст".
Моҳи июни соли 2012 як шаҳрванди дигари Узбакистонро бо ҷурми тарҳрезии сӯиқасд ба ҷони Барак Обама, райисҷумҳури ИМА 15 сол аз озодӣ маҳрум карданд. Улуғбек Қодирови 22-сола эътироф карда буд, ки ҳадаф дошт, зимни маъракаи интихоботӣ Барак Обамаро ба қатл расонад.