Дархости "Шоҳидони Яҳво" аз ҳукумати Тоҷикистон
“Шоҳидони Яҳво”, як созмони мамнӯи масеҳӣ, хостори сабтиноми дубора ва қонунӣ кардани фаъолияташ дар Тоҷикистон шудааст.
Ин дархости онҳо аз сӯи Анҷумани аврупоии Шоҳидони Яҳво дар остонаи ҷаласаи 108-уми Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони Милал садо дод, ки моҳи июли соли ҷорӣ дар Женева баргузор хоҳад шуд.
Анҷумани аврупоии Шоҳидони Яҳво мегӯяд, намояндагони онҳо дар Тоҷикистон омодаанд, бо мақомоти баландпояи ин кишвар рӯбарӯ нишаста, мушкилашонро баррасӣ кунанд.
Созмони масеҳии “Шоҳидони Яҳво” соли 2007 аз сӯи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон, ки он замон назорат аз болои муассисаҳои диниро бар уҳда дошт, манъ шуд. Мақомот он вақт гуфтанд, ин созмони масеҳӣ таблиғоти ғайриқонунӣ карда, ҳамзамон аз сокинон хостааст, аз фиристодани писаронашон ба артиш худдорӣ кунанд.
Ин дар ҳолест, ки Анҷумани аврупоии Шоҳидони Яҳво мегӯяд, созмони онҳо ҳанӯз чиҳил соли пеш дар Тоҷикистон ба кор оғоз карда, ба таври расмӣ фаъолият дошт. Онҳо мегӯянд, мақомоти Тоҷикистон бояд иҷоза бидиҳад, ки ин созмон дубора дубора фаъолияташро аз сар бигирад. Теъдоди дақиқи пайравони Шоҳидони Яҳво дар Тоҷикистон рӯшан нест.