Ҳушдори СММ ба ширкатҳои ҳавопаймоии Тоҷикистон
Оҷонсии ҳавонавардии Созмони Милал ба Тоҷикистон то моҳи ноябри соли равон муҳлат додааст, ки бахши ҳавонавардияшро ба меъёрҳои байналмилалӣ мутобиқ кунад.
"Созмонҳои байналмилалии ҳавонавардӣ гуфтаанд, агар санҷиш дар моҳи ноябр нишон диҳад, ки камбудҳои мавҷудаи бахши ҳавонавардӣ ислоҳ нашудаанд, ба ширкатҳои ҳавоии Тоҷикистон парвоз дар фазои Иттиҳоди Аврупо ва як қатор кишварҳои дигар мамнуъ хоҳад шуд",-навиштааст торнами “Transitions Online”.
Ин дар ҳолест, ки Низом Ҳакимов, вазири нақлиёти Тоҷикистон, ахиран зимни ҷаласаи машваратии ин вазорат ҳушдор дод, ки агар камбудҳои бахши ҳавопаймоии кишвар ислоҳ нагарданд, ин соҳа ба рӯйхати сиёҳи байналмилалӣ ворид мегардад. Вазир зимни ҷаласа таъкид кардааст, қариб ҳар парвози дуюм дар кишвар бо таъхир сурат мегирад. Аз ҷумла, таъкид шудааст, ки ҳамагӣ 54 дарсади парвозҳо дар кишвар саривақт амалӣ мегарданду боқимонда дер мемонанд.
Фирӯз Эшонқулов, сардори раёсати авиатсияи граждании Вазорати нақлиёт, гуфтааст, аз 7 ширкати ҳавопаймоии дар ҷумҳурӣ сабти ном шуда, дар бозори кишвар танҳо 3 ширкат фаъолият намуда, ба таври комил аз иҷрои вазоифашон намебароянд. Эшонқулов афзудааст, ҳар кадоме аз 7 ширкати ҳавопаймоии кишвар стратегияи хусусии худашро дорад, ки бо ин усули яккатозӣ сохторро муттаҳид кардан амри маҳол аст.
Ӯ зарур хондааст, "кадрҳои худиро омӯзиш ва тарбият диҳем. Бояд хатсайрҳои маҳаллии парвози тайёраҳоро эҳё кунем. Агар тайёра дорем сарнишин-халабон надорем. Агар кадр дорем, техника надорем. Бо ин усул намешавад соҳаро обод нигаҳ дошт."