Узбакистон афтид, Эрон ба Ҷоми ҷаҳон-2014 рафт
Тими миллии футболи Эрон ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳхат гирифт.
Бозиҳои муқадамотии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол дар Қораи Осиё анҷом ёфт. Футболбозони эронӣ яккачини Куриёи Ҷанубиро бо ҳисоби 1:0 мағлуб карда, бо 16 имтиёз дар гуруҳи худ аввалин шуданд.
Шумораи холҳои Кореяи Ҷанубӣ ба 14 расид ва низ ба даври ниҳоии мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон роҳ ёфт.
Узбакистон ҳам 14 хол дорад, аммо аз рӯи таносуби тӯбҳо ба Куриёи Ҷанубӣ баробар нест. Бо ин ҳол, Узбакистон шонси рафтан ба даври ниҳоии МҚҶ-2014-ро аз даст надодааст. Барои ин футболбозони узбак бояд дар ду бозии иловагӣ дастболо шаванд. Аввалан бо тими миллие, ки дар гуруҳи «В» ҷои сеюмро касб мекунад, яъне Умон ё Урдун. Ғолиби ин бозиҳо бо дастае вориди рақобат мешавад, ки дар қораи Амрикои Ҷанубӣ ҷои панҷумро соҳиб мегардад (ҳоло яккачини Уругвай дар зинаи панҷум аст).
Мусобиқаи қаҳрамонии ҷаҳон оид ба футбол соли 2014 дар Бразилия баргузор мешавад.
Акс аз сайти бахши форсии Бӣ-бӣ-сӣ