Ҳушдори Лавров аз созмонҳои ҷиноии тоҷикону узбакҳо
Сергей Лавров, вазири хориҷии Русия, дар суҳбат бо хабаргузории КУНА гуфтааст, дар паи хориҷ шудани нерӯҳои НАТО аз Афғонистон эҳтимоли муташанниҷ шудани вазъ дар Осиёи Миёна мавҷуд аст, ки он бевосита ба амнияти миллии Русия низ таъсир дорад.
Вазири хориҷии Русия таъкид кардааст, ки айни ҳол созмонҳои ҷиноии террористию экстремистии тоҷикону узбакҳо дар Афғонистон нақшаи вуруд ба Осиёи Миёнаро таҳия доранд.
Лавров инчунин аз шитоби нерӯҳои НАТО барои берун рафтан аз Афғонистон интиқод карда, таъкид намудааст, ки нерӯҳои Афғонистон дар баъзе минтақаҳо ҳанӯз барои таъмини мустақилонаи амният омода нестанд, аммо амрикоиҳо ин воқеиятро сарфи назар мекунанд.
Соли оянда нерӯҳои низомии Амрико ва муттаҳидонаш, ки аз 2001 ба ин сӯ дар Афғонистон мустақаранд, берун хоҳанд рафт. Ин дар ҳолест, ки бархе аз расонаҳо дар бораи вуҷуди ҷангиёни Ҳаракати исломии Узбакистон ва Толибон дар марзи Афғонистон бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, бахусус Тоҷикистон, ҳам ҳарф зада, паёмадашро барои ин кишварҳо хатарбор унвон мекунанд.
Аз ҷумла, Ҷамоати Ансоруллоҳ, як созмони мамнӯъ дар Тоҷикистон, бо нашри видеое дар сайти “Иршод” гуфт, ҷангиёни ин гуруҳ дар марзи Тоҷикистону Афғонистон омодагӣ доранд. Вале мақомоти Тоҷикистон то ҳоло дар ин замина ҳарфе нагуфтаанд.
Ин дар ҳолест, ки Роберт Блейк, ноиби котиби давлатии Иёлоти Муттаҳида ахиран изҳор дошт, “ҳамаамон медонем, ки таҳдиди аслӣ ба кишварҳои Осиёи Марказӣ на гуруҳҳои экстремистӣ, балки маҳдудсозиҳои рӯзафзуни ҳуқуқҳои мардум ва адами имкониятҳои иқтисодӣ мебошанд." Ба андешаи Роберт Блейк, нигарониҳо дар мавриди тиратар шудани вазъияти Осиёи Марказӣ баъд аз хуруҷи нерӯҳои НАТО аз Афғонистон то ҷое беасосанд: “Гуруҳҳои ифротӣ аз қабили Ҳаракати исломии Узбакистон ба эҳтимоли зиёд ба фаъолиятҳои худ дар шимоли Афғонистон идома диҳад, вале ин ҷо гап на дар бораи ҳазорҳо, балки даҳҳо ё садҳо нафар меравад, ки онҳоро наметавон таҳдиди аслӣ хонд."
Ҷаноби Блейк афзудааст, маҳдудсозиҳо дар умури дин ва ҳуқуқҳои демократӣ, озодии баёну виҷдон, фасод, набудани волоияти қонун ва ҷинояткориҳои трансмиллӣ (фаромиллӣ) метавонанд бо номуътадилии бардавоми минтақа анҷоманд, ки ба нафъи ҳукуматдорони Осиёи Миёна, Амрико ва шарикони дигар нест.