«Нурона» саҳнаҳои ҷази Маскавро тасхир кард
Гуруҳи ҷазсароёни «Нурона»-и Ашхобод дар саҳнаҳои маъруфи пойтахти Русия ҳунарнамоӣ кард.
Расонаҳои хабарии Туркманистон навиштаанд, ки ин сафар идомаи ҳамкориҳои мусиқанавозони жанри ҷази ин кишвар бо овозхони маъруфи Русия Сергей Манукян мебошад.
Моҳи октябри соли сипаришуда нахустин консерти муштараки «Нурона» ва гуруҳи мусиқанавозони ҷази Сергей Манукян дар Маскав баргузор шуда буд. Ин навбат «Нурона» ва Сергей Манукян дар се майдони маъруфи ҷази пойтахти Русия ҳунарнамоӣ карданд.
Мувофиқа шудааст, ки ояндаи наздик консерти муштараки онҳо дар саҳнаҳои Ашхобод баргузор шавад.