Талоши Оғохон ва ЮСАИД барои рушди ҳамкории Тоҷикистону Афғонистон
Имрӯз, 18-уми июн бо ҳузури намояндагони Хазинаи Оғохон, Агентии рушди байналмилалии ИМА (ЮСАИД) ва ширкати “Помир энержӣ” хати нави интиқоли барқ миёни Афғонистону Тоҷикистон ба истифода дода шуд.
Ба иттилои саҳмгузорони лоиҳа ин тарҳ барои рушди табодули нерӯи барқ, рушди иқтисодӣ ва ташкили корхонаҳои хурд равона шудааст.
Зимни маросим гуфта шуд, ки ЮСАИД барои густариши додугирифти барқ миёни Бадахшони Тоҷикистону Афғонистон ҳудуди 785 ҳазор доллар равона мекунад.
Қайд гардид, ки аз соли 1992 то инҷониб Амрико барои рушди соҳаҳои гуногуни Тоҷикистон ҳудуди 1 миллиард доллари амрикоӣ равона кардааст.