Бонки миллӣ мегӯяд, вазъ дар моҳи май муътадил буд
Бонки миллии Тоҷикистон мегӯяд, мизони таваррум дар кишвар дар моҳи майи соли равон низ дар сатҳи муътадил қарор дошт.
Тавре ин ниҳод, дар сомонаи худ хабар медиҳад, вазъи таваррум дар тӯли панҷ моҳи соли равон 1,5 фоиз ва дар моҳи май 0,1 фоизро ташкил намудааст. Нишондиҳандаи зикргардида дар давоми 12 моҳи охир ба 5,6 фоиз баробар шудааст.
Бино ба иттилои ин ниҳод , меъёри бозтамвил ҳамчун фишанги сиёсати пулию қарзӣ дар моҳи майи соли ҷорӣ чун чанд моҳи пешин бетағйир боқӣ монда, дар сатҳи 6,5 фоиз қарор дорад.