Русия барои 30 чархболаш аз Пентагон 572 миллион доллар меситонад
Пентагон 30 чархболи МИ-17-и тавлиди Русияро барои амалиётҳо дар Афғонистон харидорӣ мекунад. Гуфта мешавад, қиммати умумии онҳо 572 миллион долларро ташкил хоҳад кард. Дар ин бора хабаргузории Reuters хабар додаст.
Ин чархболҳо ба ихтиёри миссияи вижаи нерӯҳои амнияти миллӣ, ки бо терроризм ва маводи мухаддир мубориза мебаранд, вогузор хоҳанд шуд.
Ба иттилои манбаъ, ин чархболҳо қарор аст то охири соли 2014 ба ихтиёри соҳибони наваш бирасанд.
Соли сипаришуда ҳам Вазорати дифои Амрико ба маблағи беш аз 217 миллион доллар чанд чархболи МИ-17-и Русияро харида буд.