Кумитаи ҷамъиятии дифоъ аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов рӯзи 18-уми июн дар ҷаласаи нахустини худ муроҷиатномаеро ба мардуми Тоҷикистон қабул кард. Дар ин муроҷиатномаи Кумитаи дифоъ, ки дар чорчӯби Эътилоф барои ҳимяот аз демократия таъсис ёфтааст, аз ҷумла омадааст:
“Ҳамватанони гиромӣ!
Инак, як моҳ аст, ки Зайд Саидов - роҳбари гурӯҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби сиёсии “Тоҷикистони Нав”, ба ҷурми иттиҳом дар ҷиноятҳои вазнин дар боздоштгоҳи Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон ба сар мебарад. Ин дар ҳолест, ки вазъи саломатиаш рӯз ба рӯз мушкилтар мешавад. Қазияи мазкур амали густурдаи мақомоти қудратии давлат аст, ки бо тафтиши фарогири ҳамаи паҳлӯҳои гуногуни фаъолияти ӯ ва наздиконаш ҷараён дорад ва ба гуфтаи вакилони мудофиааш бо беэътиноии густохона нисбат ба муқаррароти қонунҳои мавҷуда сурат мегирад.
Пӯшида нест, ки ин амали густурда вокунишест аз ҷониби мақомоти марбутаи давлатӣ ба ибтикори Зайд Саидов дар мавриди таъсиси ҳизби сиёсии ҷадиде ба хотири мусоидат дар ҳалли мушкилоти ҷомеа. Ба асоси хулосаи аксари таҳлилгару соҳибназарон, қазияи гирудори Зайд Саидов сирф моҳияти сиёсӣ дорад ва бад-ин васила низоми идоракунии кишвар мекӯшад аз ҳама гуна иқдом ва ташаббуси дигарандешие, ки ҳаққи конститутсионии шаҳрвандон аст, ҷилавгирӣ кунад. Ин дар ҳолест, ки то ин гирудор Зайд Саидовро чун муваффақтарин соҳибкор, роҳбар, шахси масъулиятталабу масъулиятшинос ва ҳалолкор тавсиф мекарданд.
Аксуламал дар баробари ташаббуси Зайд Саидов бо истифода аз нерӯи муқтадире, ки ҳатто аз тарзу усулҳои аз лиҳози қонуну ахлоқ номатлуб низ ҳазар намекунад, нишон дода мешавад. Зимнан, усули конститутсионии эҳтимоли бегуноҳӣ ба ҳукми фаромӯшӣ рафтааст. Дар кӯчаву хиёбонҳо тариқи ройгон китобчаҳое паҳн ва тариқи телевизион сабту намоише ба маърази умум пешниҳод мешавад, ки саропо туҳмату буҳтонанд ва ҳадафашон миёни мардум бадном кардани шахсияти номбурда аст. Ҳамин гуна иқдоми зишту нангин бо истифода аз расонаҳои хабарии навиштагорӣ низ амалӣ мегардад.
Вале маҳбубияти Зайд Саидов ҳамоно побарҷост ва теъдоди нафароне, ки ба таври инфиродӣ ва гурӯҳӣ ҳамарӯза ба сафи ҳаводорону ҷонибдорони ӯ мепайванданд, афзоиш меёбад. Ва ин гуна маҳбубиятро хислатҳои ҳамида ва фавқулодаи Зайд Саидов боис шудааст. Ӯ шахсест баимон, фардест саропо тақводор, раиятпарвар, озодаманишу ҳақталош. Касест, ки сабаби ба арсаи сиёсат воридшавиашро чунин маънидод кардааст: «Як инсоне, ки даъвои маърифат ва арзишҳои инсонӣ дорад ва бо доштани шароити хуби моддӣ қонеъ бошад, вале ба атроф, мардум ва умуман миллати худ, ки дар чӣ ҳол зиндагӣ мекунад, бетафовут бошад, пас он чӣ инсон аст? Худо накарда, дар ин ҳолат ҳама зарар мебинанд. Вазъи иқтисодӣ ва иҷтимоӣ моро водор кардааст, ки фаҳм ва имконоти худро барои ободии Ватан равона намоем».
Иддае аз мардум ба хотири ҳамин гуна сифатҳои волои ахлоқиаш пуштибонӣ аз Зайд Саидовро қарзи инсонии худ медонанд, иддае дигар дар пайи чунин равиши воқеа хатареро барои худ диданд. Бале, қисмати талхи Зайд Саидов метавонад домангири ҳар фарди баимону баинсоф ва баномус шавад.
Эътиқод ба Парвардигор, эътимод ба мардум, умед ба фарҷоми неки ҳама гуна иқдоме, ки ҳосили хислатҳои ҳамидаи ӯст, ҳидояташ кардаанд, то дар ҳама шароит барои ободии кишвару пешрафти миллат талош кунад. Бунёди даҳҳо иншооту корхона, манзили истиқоматӣ, ёриҳои гуногун ба мардум номи ӯро сазовори эҳтироми хосу омм гардондааст.
Ҳанӯз пеш аз сафараш ба хориҷа таҳдиду сару садоҳо дар атрофи ӯ паҳн шуда буд ва дар ҷараёни сафараш ин таҳдидҳо шакли воқеӣ гирифтанд. Аммо ӯ, ки бар асоси хислатҳои зотии инсониаш ба бегуноҳиаш бовар дорад, ба Ватан баргашт, вале боздошт шуд.
Ҳамдиёрони азиз,
Имрӯз мо шоҳиди он ҳастем, ки дар кишварамон дар баробари як шахсияти арзишманду ҳақталош беадолатӣ ба амал омадааст. Умедворем, ки шахсиятҳои озодидӯсту ҳақталаб дар ҳалли ин қазия гирди ҳам омада, аз мақомот талаб кунем, ки қазияи Зайд Саидов бо риояи меъёрҳои ҳуқуқӣ мавриди баррасӣ қарор бигирад. Ин иқдоми мо қадамест барои эҳтироми ҳуқуқи башар, шарофати инсонӣ ва пешгирӣ аз беадолативу қонуншиканӣ.”