Ифшогариҳои афсари Австрия дар мавриди Исроил ва Сурия
Як афсари австрияӣ аз ҳаҷм ва мизони кумакҳои луҷастикӣ ва низомӣ ва пизишкии режими саҳюнистӣ ба гуруҳҳои террористие, ки дар Сурия алайҳи низоми Сурия мубориза мекунанд, парда бардоштааст.
Ба гузориши хабаргузории "Форс", чанде пеш неруҳои австрияӣ воқеъ дар баландиҳои Ҷавлон дар қолиби неруҳои чандмиллиятии воқеъ дар ин минтақа ба далели ташдиди руёруйи артиши Сурия бо гуруҳҳои террористӣ ва аносури мусаллаҳи фаъол дар баландиҳои Ҷавлон мавриди ҳимояти густардаи режими саҳюнистӣ, аз ин минтақа шуд.
Манобеъи вижа дар ин хусус ба нақл аз як афсари аршади неруҳои австрияӣ воқеъ дар баландиҳои Ҷавлон ба ҳафтаномаи фаластинии Ал -манор гуфтанд, ки авзоъ дар баландиҳои Ҷавлон беш аз пеш ба самти таниш ба илтиҳоб дар ҳаракат аст.
Ин афсари аршади неруҳои австрияӣ воқеъ дар баландиҳои Ҷавлон дар идома таъкид кард, ки ба ғайр аз артиши дигари кишварҳое, ки дорои неруҳои қолиби неруҳои чандмиллиятӣ дар баландиҳои Ҷавлон ҳастанд, дар ҳоли хуруҷ аз ин минтақа мебошанд.
Вай дар идома ифшо кард, ки дар роҳи бозгашт ба кишвараш аз сарзаминҳои ишғолии (Исроил) ба сурати малмус мушоҳида карда, ки бархе кишварҳо талош доранд, имкони ҳаргуна инфиҷори авзоъ дар ҷабҳаи баландиҳои Ҷавлон байни Сурия ва Исроилро аз байн бибаранд ва ё эҳтимоли онро ба ҳадди ақал бирасонанд.
Ин манобеъи огоҳ меафзоянд: ин кишварҳо талош доранд, бо талоши мустақими бархе аз кишварҳое, ки неруҳои огоҳ ҳамчунон дар баландиҳои Ҷавлон ҳузур дорандро қонеъ кунанд, ҳамчунон ба фаъолияти худ дар баландиҳои Ҷавлон идома диҳанд ва аз кишварҳои мухталиф мехоҳанд ба фишорҳои худ ҷиҳати тафкики ин неруи байналмилалӣ поён диҳанд.
Ин афсари австрияӣ идома дод: мизони дахолати Исроил дар рустоҳои марзии Сурия бисёр зиёд аст ва қобили тасаввур нест ва тамоми ҳавзаҳои луҷастикӣ, низомӣ ва пизишкиро дар бар мегирад.
Вай, ки нахост ном ва ҳуввияташ фош шавад, таъкид кард, ки дар манотиқи марзии Сурия ва сарзаминҳои ишғолӣ утоқҳои амалиёти муштараке байни гуруҳҳои террористӣ ва Исроил ташкил шуда, ки муҳимтарин фаъолияти онҳо ҳамоҳангӣ ҷиҳати расидани кумакҳои исроилӣ ба террористҳост ва дар ҳамин ҳол Исроил аз аносури захмии гуруҳҳои террористӣ дар бемористонҳои майдонӣ ва дигар бемористонҳои худ дар манотиқи наздик ба манотиқи марзӣ бахусус дар бемористони Зиф дар шаҳри Сафад истиқбол мекунад.
Ин афсари австрияӣ дар идома афзуд: ин утоқи амалиёти муштарак бо тарафҳои низомӣ ва амниятии исроилӣ дар иртибот аст то вазифаи нақл ва интиқоли силоҳ аз Исроил ба гуруҳҳои террористиро дар Сурия ва интиқоли маҷруҳони ин гуруҳҳои террористӣ ба бемористонҳои исроилӣ анҷом диҳад.
Ба гуфтаи ин афсари австрияӣ, иттилоот дар ихтиёри неруҳои чандмиллиятӣ ба ин нукта ишора мекунад, ки таи се моҳи гузашта 728 террорист то кунун аз хоки Сурия ба бемористонҳои майдонӣ ва расмии Исроил мунтақил шудаанд.
Вай дар бораи истифода аз марзҳои мавчуд байни Сурия ва сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) ва минтақае, ки Сурия контроли онро ба даст дорад, аз амалиётҳои давр задан ва ҳимоятҳое парда бардошт, ки таи моҳҳои ахир ҳузури худ дар баландиҳои Ҷавлон шоҳиди он буда ва гуфт, ки дар ин муддат аносури мусаллаҳе аз кишварҳои ҳамҷавори Сурия ба Исроил рафта ва аз марзҳои муштараки Сурия бо сарзаминҳои ишғолӣ (Исроил) вориди минтақаи Ҷавлон шудаанд то ба ҳимоят аз гуруҳҳои террористии мустақар дар он минтақа бипардозанд. Ин дар ҳолест, ки дар бархе мавоқеъ ин манотиқ ба муҳосираи артиши Сурия даромадааст. Дар ин шароит интиқоли террористҳо аз манотиқи марзӣ ба рустоҳои марзӣ ба хотири таҳти контрол будани роҳҳо ва масирҳо тавассути артиши Сурия бисёр сахт ва душвор мешуд.