Зокиров: Муҳри махфӣ дар парвандаи З.Саидов ғайриқонунист
Фахриддин Зокиров, яке аз вакилони дифоъи Зайд Саидов зимни баргузории ҷаласаи аввалини Кумитаи ҷамъиятӣ оид ба ҳимоя аз ҳуқуқҳои конститутсионии Зайд Саидов гуфт, ки тибқи қонун парвандаҳое бояд мӯҳри махфӣ бигиранд, ки он ба сирри давлатӣ рабт дошта бошад.
“Аммо зерҳимояи мо ҳеч фаъолияти давлатӣ надошта, илова бар ин мӯҳри махфиро барои мо 1 моҳ пас аз оғози парванда эълон доштанд. Тибқи қонун дар сурати махфӣ будани парванда, дар оғози кор бояд ҷонибҳо огоҳонида шаванд ва формаи махсуси ҳуҷҷатро пур кунанд, ки мо ин корҳоро накардаем,” мегӯяд Фахриддин Зокиров. Ин вакили мудофеъ афзуд, ки ҳарчанд муроҷиат доштанд, вале мақомоти дахлдор қазияи таҳдидҳо ба ҷони Зайд Саидов, ки тавассути пайёмак ирсол мешуданд, пайгирӣ намекунад.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, аз рӯзи аввали боздошти зерҳимояаш ба дифои ҳуқуқҳои ӯ машғул аст, аммо танҳо рӯзи 17-уми июн фаҳмидааст, ки парванда алайҳи Зайд Саидов, роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, муҳри махфӣ дорад. Қудратов шеваи кори мақомотро дар мавриди Зайд Саидов бесобиқа хонда, таъкид медорад, ки ҳамчун адвокат намедонад, ӯро дар ин парванда чӣ асрори дигар интизор аст. Ӯ мегӯяд, чунин бархӯрд ҳатто зимни тафтиши парванда алайҳи Димон Ашӯров, як сокини Хоруғ, ки 12 соли зиндон гирифт ва Диловар Қосимов, ки барои қатли домоди президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ҷой надошт.
Дар ҳамин маврид Исҳоқ Табаров, вакили дигари дифои Зайд Саидов гуфт, ки нозири парвандаи мазкур Милопар Бандишоев, муовини раҳбари Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон гуфтааст, ки давоми 2 рӯзи дигар вакилони дифоъро бо сабаби муҳри махфӣ гирифтани қазияи Зайд Саидов шинос хоҳад кард.
Ин дар ҳолест, ки хадамоти матбуотии Оҷонсии мубориза бо фасод муҳри махфӣ доштани парвандаи Саидовро рад карда, таъкид мекунад, ки тибқи қонунгузории Тоҷикистон ва конвенсияи СММ парвандаҳои марбут ба фасоду амвол наметавонанд, махфӣ бошанд.
Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.