Мусодираи беш аз 8 кило маводи мухаддир дар шимоли Тоҷикистон
Кормандони ҳифзи ҳуқуқ зимни як амалиёт дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров беш аз 8 кило маводи нашъадор мусодира кардаанд.
Аз ВКД ба «Озодагон» гуфтанд, ки бо иттиҳоми нигоҳдории ғайриқонунии маводи мухаддир сокини 53-солаи шаҳри Хуҷанд боздошт шудааст.
«Аз ӯ 6 килову 127 грам ҳашиш ва 1 килову 954 грам ҳероин дарёфт гардид. Аз рӯи ин далел парвандаи ҷиноӣ боз шуда, тафтишот идома дорад»,-афзуд манбаъ.