Никола Кавазович дигар сармураббии “Истиқлол” нест
Масъулони бошгоҳи футболи “Истиқлол” (Душанбе) Никола Кавазович, сармураббии ин дастаро, аз мақомаш барканор карданд.
Шоҳрух Саидов, раиси бошгоҳи “Истиқлол”, далели барканории Кавазовичро “натиҷаи ғайриқаноатбахши кори ӯ” номидааст. Ӯ дар сӯҳбат бо торнамои “Истиқлол” гуфта, ки “Кавазовичро аз тасмими худ огоҳ кардем. Ба фаъолиятҳои минбаъдааш муваффақият хоҳонем ва барои ҳамкориҳояш ташаккур мегӯем. Ҳоло тасмим нагирифтаем, ки минбаъд кӣ сармураббӣ таъин мешавад.”
Барканории оқои Кавазович ба дунболи бозии “Равшан”-и Кӯлоб ва “Истиқлол”-и Душанбе сурат мегирад, ки рӯзи 15-уми июни соли ҷорӣ дар варзишгоҳи марказии Кӯлоб баргузор ва бо ҳисоби 1 бар сифр, ба фоидаи аввалӣ анҷом ёфт. Голи ягонаи дидорро Течи Соломон, легионери "Равшан", дар дақиқаи 38-ум ба ҳадаф расонд. Ва ин гол натанҳо сарнавишти “Истиқлол” дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон, балки сарнавишти Кавазовичро ҳам тағйир дод.
Никола Кавазович моҳи апрели соли 2012 сармураббии дастаи “Истиқлол” таъин шуда буд. Бо раҳбарии ӯ “Истиқлол” Ҷоми раиси АФК-2012-ро ба даст овард ва барандаи медалҳои биринҷии мусобиқоти қахрамонии Тоҷикистон шуд.