"Сюрприз"-ҳо дар парвандаи Зайд Саидов
Вакилони мудофеи Зайд Саидов мегӯянд, аз муҳри махфӣ доштани парвандаи нафари таҳти ҳимояташон рӯзи 17-уми июн, расо як моҳ баъд аз ифтитоҳи парванда, огоҳ шудаанд.
Шӯҳрат Қудратов, яке аз вакилони мудофеи Зайд Саидов, мегӯяд, аз рӯзи аввали боздошти зерҳимояаш ба дифои ҳуқуқҳои ӯ машғул аст, “аммо нав фаҳмидам, ки парванда алайҳи Зайд Саидов, роҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси ҳизби “Тоҷикистони нав”, муҳри махфӣ дорад.”
Қудратов аз шеваи кори муфаттишони Оҷонсии мубориза бо фасоди Тоҷикистон таҳти роҳбарии Фирӯз Холмуродов интиқод кард, ки ҳама чиро махфӣ нигоҳ медоранд. Қудратов шеваи кори мақомотро дар мавриди Зайд Саидов бесобиқа хонда, таъкид медорад, ки ҳамчун адвокат намедонад, ӯро дар ин парванда чӣ асрори дигар интизор аст. Ӯ мегӯяд, чунин бархӯрд ҳатто зимни тафтиши парванда алайҳи Димон Ашӯров, як сокини Хоруғ, ки 12 соли зиндон гирифт ва Диловар Қосимов, ки барои қатли домоди президент ба 26 соли зиндон маҳкум шуд, ҷой надошт.
Қаблан Қудратов изҳорот дод, ки Фирӯз Холмуродов, сардори гуруҳи тафтишотии парвандаи ҷиноӣ алайҳи Зайд Саидов, аз мулоқот бо вакилони мудофеи боздоштшуда мегурезад. “Зимни ҳузур дар утоқи кориаш ҳам бо ҳар баҳона адвокатҳоро қабул намекунад”,-гуфта буд ӯ.
Қудратов ин қонунвайронкунии масъули воломақоми Оҷонсии зидди фасодро зикр карда, суол мегузорад, ки “оё дар ҳамин ҳол месазад, ки тафтишоти мунсифонаи қазияи Зайд Саидовро интизор шуд?” Зайд Саидов, соҳибкори шинохта ва раҳбари гуруҳи ташаббускори ҳизби “Тоҷикистони нав”, як моҳ баъд аз эълони азмаш барои таъсиси ҳизби сиёсӣ, субҳи 19-уми май боздошт шуда, айни ҳол дар боздоштгоҳи муваққатии Кумитаи амнияти миллӣ нигоҳдорӣ мешавад. Ӯ дар қаллобӣ, гирифтани ришва, сӯиистифода аз мақом ва серзанагӣ муттаҳам мешавад.