Бозиҳои панҷ моҳ пеш аз интихоботи президентии Тоҷикистон
Ҳумайрои БАХТИЁР
То замони баргузории интихоботи раёсати ҷумҳур дар Тоҷикистон камтар аз 5 моҳи дигар боқӣ мондааст. Табиист, ки бо наздик омадани замони интихобот ҳукумати кунунӣ талош дорад, то нуфузи худро миёни мардум бештару бештар созад.
Ин аст, ки ҳоло ҳукумат, дақиқтараш Ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, чунин фазоеро ба вуҷуд оварда, ки гӯиё тамоми муваффақияту бурдборӣ аз онҳо буда, ҳама нокомиҳову ҷиноятҳо “мол”-и ҳизбҳо ва афроди мухолиф аст.
ПАЁМАДИ ҶАНГИ СОЛҲОИ 90
Таҳлилгарон мегӯянд, паёмади даргириҳои солҳои 90-уми қарни гузашта сарчашмаи қаҳрамонсозиҳои якҷонибу мағлуб хондани ҷониби дигар шудааст. Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари масоили сиёсӣ, мегӯяд, чунин камбуд аз ҳарду ҷониб зоҳир мегардад.
Вай меафзояд, “ҳодисаҳои кишвар бояд беғаразона аз тарафи таърихнигорону коршиносон таҳлил шавад. Танҳо дар ин ҳолат назари умумӣ пайдо шуда, имкони баҳогузорӣ кардани фаъолияти ҷонибҳо ба даст меояд. Ҳоло дар Тоҷикистон мушкили фаъолияти таърихнигорони бетараф эҳсос мешавад. Мутаассифона, дар Тоҷикистон коршиносону таърихнигорон фаъолияти мустақил надошта, дар таҳлилҳои худ ё аз ҳукумат ва ё аз мухолифин пуштибонӣ мекунанд.”
ҲУКУМАТИ ПИРӮЗУ МУХОЛИФИНИ ЗАИФ
Парвиз Муллоҷонов дар ҳоле аз беэътимодии ҷонибҳо мегӯяд, ки ба андешаи Сӯҳроб Шарипов, узви Маҷлиси Намояндагон, ҳизби ҳоким барои рақибони сиёсии худ шароитро фароҳам оварда, ҳама сару садои мухолифин атрофи маҳдуд гардидани имкониятҳояшон асос надорад. Шарипов мегӯяд, аслан ҳизби ҳоким барои мардум бисёр корҳоеро анҷом додааст, дар ҳоле ки мухолифин ба ҷуз аз шикоят кори дигаре накардаанд.
Вакили парлумони Тоҷикистон аз он шикоят кард, ки дар шароити феълӣ мухолифин ҳатто ҳамон вазифаи аслии худ, тавлиди як “контрэлита”-ро таъмин карда натавонист. “Аз назари ман, контрэлитаи ҳукумати Тоҷикистон хеле заиф аст. Онҳо танҳо интиқод аз ҳукумат мекунанд, дар ҳоле ки худ низ барномаи мукаммали давлатдориро надоранд.” Ба андешаи Шарипов, пирӯзии ҳукумат аз ҳизбҳои мухолиф ҳам ин аст, ки барномаи давлатдории худро бо муваффақият амалӣ мекунад.
РОҲАНДОЗИИ БАРНОМАҲО -- ВАЗИФАИ ҲУКУМАТ
Ойниҳол Бобоназарова, коршиноси тоҷик мегӯяд, таҳия ва амалӣ кардани барномаҳо вазифаи аслии ҳукумат буда, ҳизби ҳоким аз ин кори худ набояд биболад. Хонум Бобоназарова аз маҳдудияти роҳёбии чеҳраҳои мухолиф ба нашриёт, телевизион ва радиоҳои ҳукуматӣ мегӯяд, агар ҳизби ҳоким ба унвони ҳукумат рақобатро ба вуҷуд меовард, мухолифин шикоят аз монеасозиҳо намекарданд. Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, заифшиносии ҳизби ҳоким қобили қабул нест, зеро дар Тоҷикистон рақобати солим вуҷуд надорад.
Ин мусоҳиби мо аз он изҳори нигаронӣ мекунад, ки дар ин авохир ҳукумат шеваи нодурусти таблиғи фаъолияти худро пеш гирифтааст: “Ҳукумат дар нокомиҳои худ мухолифинро айбдор мекунад, ки ин мутлақо нодуруст аст. Ҳар бурду бохти давлат имрӯз аз ҳукумат аст. Ба шикасту пирӯзиҳои давлат мухолифин ҳеч рабт ва ӯҳдадорӣ надоранд. Зеро ҳукумат дар дасти ҳизби ҳоким аст, на мухолифин. Аз ҳисоби андози мардум ҳам мухолифин на, балки ҳизби ҳоким маош мегирад.”
“Аз ин хотир, хидмат барои давлату мардум вазифаи ҷонии ҳар як аъзои ҳукумат ва ҳизби ҳоким мебошад”,-гуфт хонум Бобоназарова.
ПУЛҲОИ ХОРИҶӢ НИШОНИ ХИЁНАТ АСТ?
Заиф гуфтану ба ҷиноятҳо муттаҳам кардани ҳизбҳои сиёсӣ, мисле ки барои ҳукумат як кори маъмулӣ шуда бошад. Ҳамакнун аз минбарҳо гоҳ-гоҳ садо медиҳад, ки гӯиё нерӯҳои мухолифи кишвар бо маблағи манфиатдорони хориҷӣ фаъолият дошта, корҳои анҷом додаашон бар нафъи мардум ва давлат нест. Аз минбари баланд ҳам на як бору ду бор масъулини ҳукумат мухолифинро ба хидмат ба «хоҷагони хориҷӣ» гунаҳкор номиданд.
Дар ҳамин маврид Парвиз Муллоҷонов, таҳлилгари тоҷик, мегӯяд, “маълум аст, ки баъзе аз ҳизбҳову сиёсатмадорон аз берун кумак мегиранд ва мегирифтанд.” “Аммо ин айбдоркунии ҳукумат бояд дар асоси далелҳо бошад, на як суханони ҳавоӣ”,-ишора кард Муллоҷонов.
Дар робита ба ҳамин масъала Ойниҳол Бобоназарова мегӯяд, аслан ин иттиҳоме нисбат ба мухолифин буда, ҳукумат ба ин роҳ хостори сиёҳ кардани ҳизбҳо назди мардум аст. Гузашта аз ин, хонум Бобоназарова аз он дар тааҷҷуб аст, ки грантгирандаи аслии давлат имрӯз ҳукумат буда, ҳамасолаву ҳамарӯза чӣ аз кишварҳои хориҷӣ ва чӣ аз шаҳрвандони давлатҳои бегона ба унвони қарзҳои боимтиёзу беимтиёз пайваста пул мегирад. “Пас ин пулгирии ҳукумат чӣ ном дорад? Агар ҳукумат воқеан ғамхор асту рақобати солимро мехоҳад, пас, аз ҳисоби буҷаи давлат танҳо барои барномаҳои худ неву барои мухолифин низ як миқдор маблағ ҷудо кунад. Агар ҳукумат ба нерӯҳои мухолиф ва ҷомеаи шаҳрвандӣ маблағ ҷудо кунад, зарурати муроҷиат ба донорҳо аз байн меравад”,-афзуд ӯ.
МУХОЛИФИН НЕРӮИ КОФӢ НАДОРАНД
Сӯҳроб Шарипов мегӯяд, ҳукумат аз мавҷудияти мушкилоти иҷтимоӣ ва давлатдорӣ огоҳ буда, худ низ на як бору ду бор барои бартараф кардани он ишораҳо мекунад. Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳалли худро наёфтани ин мушкилот низ ба фаъолияти мухолифин вобастагӣ дорад. «Бисёр мехоҳам, ки мухолифин дар ҷомеаи Тоҷикистон конструктивӣ бошанд. Ҳарчанд раисҷумҳур мегӯяд, ки ҳизбҳои сиёсӣ ин ҷузи ҷамъият ва рукни рушди кишвар ҳастанд, аммо мухолиф бар маънои том барои ҷомеаи мо ноёб аст”,-гуфт ӯ.
Собиқ стратеги №1 аз он нигаронӣ кард, ки ҳизбҳои мухолифи Тоҷикистон дар дохили худ ба ҷуз аз роҳбар ва чанде аз муовини дигар аъзои фаъол надошта, ҳамчун як нерӯ устувор низ нестанд: “Вақте дар мавриди ивазшавии раҳбарони ҳизбҳои сиёсӣ мегӯем, масъулини аҳзоб мегӯянд, ки ҳоло фурсати рафтани онҳо нест, зеро ҳизбашон бо ҳамин мемирад. Пас ин чӣ гуна ҳизб аст, ки бо рафтани рохбар кори худро пеш бурда наметавонад?”
Ба иттилои Сӯҳроб Шарипов дар ҳоли ҳозир 18 ҳазор аъзои ҳизби ҳоким корманди давлатӣ буда, ҳизбҳои дигар чунин потенсиал надоранд. “Аз ин хотир, талоши мухолифин барои иваз кардани вазъияти мавҷуда бенатиҷа ҳаст, чун ҳатто баробари сари қудрат омадан, онҳоро зарур меояд, ки бо ҳамин артиш кор кунанд”,-илова намуд Сӯҳроб Шарипов.
Вакили парлумони Тоҷикистон мегӯяд, ҳоло фурсате фаро расидааст, ки нерӯҳои сиёсӣ бояд ба ҳам омада, дурнамои давлатро муаяйн созанд. “Самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷӣ аз ҷониби раисҷумҳур муаяйн шудааст, барои ҳамин мухолифин бояд ҳарфи наве пешниҳод кунанд. Мухолифин аз он интиқод мекунанд, дар ҳамкорӣ бо Русия ва ё Эрон ҳукумати кишвар сиёсати нодурустро рӯйи даст гирифтааст. Дар ин ҳол худашон барномае таҳия кунанду бигӯянд ки бо кадом давлат муносибот бояд чӣ гуна бошад”,-таъкид кард ӯ.
Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи коршиносон дар Тоҷикистон ҳеч вақт тавозун миёни ҳизбҳои сиёсӣ риоя намегардид. Вале ба ҳар сурат дар қиёс бо имрӯз вазъи мухолифин то солҳои 2005-ум як каме беҳтар буда, ҳизби ҳоким на дар ҳар мавриду на аз ҳар минбар ҷуръати ҷинояткору нодаркор хондани мухолифинро дошт. Таҳлилгарон бар ин назаранд, ки вақте рақобати солим вуҷуд надорад, пас, заиф будани ҳизбҳои сиёсӣ бар нафъи худашон аст. Дар сурати ғайр, ба гуфтаи онҳо, ҷойи раҳбарон ва ҷонибдорони ҳизбҳои мухолифи қавӣ метавонад зиндон бошад, ё берун аз Тоҷикистон.