Ҷаласаи ғайринавбатии Ассосиатсияи кумитаҳои олимпӣ
Рӯзҳои 15-16-уми июни соли равон дар шаҳри Лазанаи Шветсария ҷаласаи ғайринавбатии Ассосиатсияи кумитаҳои олимпӣ бо ширкати намояндагони 201 кишвари ҷаҳон доир гардид.
Тавре аз Кумитаи ҷавонон варзиш ва сайёҳии кишвар ба “Озодагон” иттилоъ доданд, дар кори ҷаласа Маликшо Неъматов, ноиби аввали президенти кумитаи миллӣ олимпии Тоҷикистон ширкат дошт. Ҷаласа таҳти раҳбарии Президенти Ассосиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ҷаноби Шайх Аҳмад ал Фаҳад ал Сабаҳ баргузор гардидааст.
Дар ин ҷаласа ба низомномаи Ассосиатсия якчанд тағиру иловаҳо ворид карда шудааст. Аз ҷумла кишварҳои талабгори Бозиҳои навбатии Олимпӣ соли 2020- Ҷопон, Испания ва Туркия муаррифии омодагии худро ба иштирокчиён пешниҳод намуданд.
Манбаъ илова намуд, ки Маликшо Неъматов бо Шайх Ахмад ал Фаҳад ал Сабаҳ, президенти кумитаи миллии олимпии давлати Қувайт мулоқот намуд. Дар ин мулоқот Шайх Аҳмад ал Фаҳат ал Сабаҳ изҳор намудааст, ки омодааст то дар кӯтоҳтарин фурсат шартномаи ҳамкорӣ миёни кумитаҳои олимпии Тоҷикистону Қувайтро ба имзо расонад ва дар доирам Шӯрои олимпии Осиё ва Ассосиатсияи кумитаҳои миллии олимпӣ ба Тоҷикистон барои рушди ҳаракати олимпӣ ва умуман варзиши Тоҷикистон ҳамаҷониба мусоидат хоҳад кард.