Туркманистон роҳи оҳан то Афғонистонро дар ду сол бунёд мекунад
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон қарор кардааст, ки сохтмони қисмати туркмании роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон ба уҳдаи Вазорати нақлиёти ин кишвар гузошта шавад.
Тибқи иттилои расонаҳои туркман тибқи дастури Бердимуҳаммадов сохтмони қисмати туркмании ин роҳ бояд то моҳи июни соли 2015 пурра ба анҷом расад.
Маросими ифтитоҳи расмии сохтмони роҳи оҳани Туркманистон-Афғонистон-Тоҷикистон 5-уми июн бо ҳузури раҳбарони ин се кишвар, Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, Ҳомид Карзай ва Эмомалӣ Раҳмон дар вилояти Лабиоби ин кишвар баргузор гардид.
Ташаббускори ин тарҳ Эмомалӣ Раҳмон буда, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, раисиҷумҳури Туркманистон низ аз лоиҳаи роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон дастгирӣ карда буд. Ба гуфтаи Бердимуҳаммедов ин лоиҳа рушди иқтисодию иҷтимоии Афғонистонро такон дода, инфрасохтори нақлиётии минтақаро густариш медиҳад.
Айни ҳол Тоҷикистонро бо кишварҳои хориҷ, роҳи оҳан тавассути қаламрави Узбакистон мепайвандад ва Тошканд зимни ҳамлу нақли бор тавасссути он пайваста монеаҳо эҷод мекунад.