Узбакистон ва Қирғизистон қитъаҳои баҳсии сарҳадро ба баррасӣ гирифтанд
Узбакистон ва Қирғизистон масоили ҳифзи марзи давлатӣ дар минтақаҳои баҳсиро баррасӣ кардаанд.
Бино ба иттилои расонаҳо ҷаласаи муштараки ҳайатҳои ниҳодҳои марзбонӣ дар шаҳри Қуқанди Узбакистон бо ширкати Таалайбек Усубалиев, иҷрокунандаи вазифаи райиси Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон, Рустам Эминҷонов, муовини раиси Хадамоти амнияти миллии Узбакистон, ҳамчунин раҳбарони қисмҳои марзбонӣ баргузор шудааст.
Ҷонибҳо хулосаи кори муштарак оид ба ҳифзи минтақаҳои ҷудогонаи сарҳади давлатиро баррасӣ кардаанд. Коҳиши бархӯрдҳо дар марзро яке аз натиҷаҳои мусбати ҳифзи муштараки сарҳад унвон кардаанд.
Дар поёни нишаст тарҳи марбут ба боздошт, нигоҳдорӣ ва истирдоди нақзгарони марзи муштараки Узбакистону Қирғизистон таҳия шудааст.