Радди даъвои Қаюмзод ва комиссия барои тафтиши "Озодӣ"
Додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонии пойтахт даъвои Абдуқаюми Қаюмзод алайҳи Радиои Озодиро рад кард. Ин хабарнигори маъруфи тоҷик ду моҳ пеш ба додгоҳ муроҷиат карда, талаб намуда буд, ки ӯ ба ҷои кораш дар Радиои Озодӣ барқарор шавад.
Қутбиддин Ҳисайнов, додраси парванда, рӯзи душанбеи 17-уми июн эълом кард, ки бар асоси моддаҳои 197 ва 203-и Кодекси мурофиавии Тоҷикистон даъвои Қаюмзод “ғайриқаноатбахш” гузошта шуд, аммо барои чи, шарҳ надод.
Дар ҳамин ҳол, додгоҳ алайҳи Радиои Озодӣ таъиноти махсус бароварда ва Вазорати умури хориҷиро вазифадор кард, ки дар мавриди камбудҳои ҷойдошта дар ин расона тадбир андешад ва аз натиҷааш додгоҳро огоҳ созад.
Файзиннисо Воҳидова, вакили мудофеи Қаюмзод, мегӯяд, онҳо аз қарори додгоҳ розӣ нестанд ва ҳатман ба зинаҳои болотар шикоят хоҳанд бурд. Аммо ӯ гуфт, “имрӯз додрас ду санад қабул кард. Бо як санад даъвои моро рад намуд. Бо санади дигар эътироф кард, ки Радиои Озодӣ қонунҳои Тоҷикистонро сарфи назар менамояд. Даъвои моро рад карданаш маънои онро дорад, ки ба додрас фишор овардаанд. Воқеан, аён аст, ки додрас мустақилона ин қарорро қабул накардааст.”
Абдуқаюми Қаюмзод аз соли 2001 то моҳи декбари соли гузашта ба Радиои Озодӣ гузориш медод. Аммо дар моҳи декабри соли гузашта Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон ӯро огоҳ кардааст, ки сабти номаш тамдид намешавад ва ӯ дигар ҳаққи гузориш додан ба Радиои Озодиро надорад. Дар пайи ин, Радиои Озодӣ шартномаи ҳамкорӣ бо Абдуқаюми Қаюмзодро қатъ кардааст.
Аммо рӯзи чоруми июни соли ҷорӣ Муродбек Асламов, намояндаи Вазорати умури хориҷии Тоҷикистон, гуфт, баъд аз анҷоми муҳлати аккредитатсияи Абдуқаюми Қаюмзод вазорат 5-уми ноябри соли 2012 Радиои Озодиро расман огоҳ кардааст, ки фаъолияти ин хабарнигор 31-уми октябр анҷом ёфта, то сабти номи дуборааш набояд гузориш диҳад. “Лекин бо вуҷуди огоҳии вазорат мо ҳисоб кардем, ки беш аз 20 матлаби Қаюмзод дар радио пахш шуданд. Ин мухолифи муқаррароти додани аккредитатсия аст ва бинобар ин вазорат ба хабарнигор акредитатсия надод”,-афзуд Муродбек Асламов.
Абдуқаюми Қаюмзод ҳам гуфт, аз ин огоҳии Вазорати умури хориҷӣ огоҳ набуд ва ин суолро пеш гузошт, ки дар ҳоле фаъолияти ӯ манъ будааст, чаро роҳбарияти радио, аз ҷумла Соҷидаи Мирзо, раиси бахши тоҷикии он, иҷозат додааст, то матлабҳояш нашр гарданд. Қаюмзод гуфт, “агар роҳбарияти Радиои Озодӣ ҳамон замон, баъд аз огоҳии Вазорати умури хориҷӣ ба ман мегуфтанд, ки фаъолияти ту минбаъд дар радио мумкин нест, ман ҳам корро идома намедодам. Аммо дар бораи чунин огоҳиномаи Вазорати умури хориҷӣ нагуфтанд.”
Аммо Хуршед Андамов, раҳбари дафтари Радиои Озодӣ дар Душанбе, гуфта буд, ин шарҳи намояндаи Вазорати умури хориҷиро дуруст намеҳисобанд. Зеро ба гуфтаи ӯ, Вазорати умури хориҷӣ онҳоро дар бораи пахшу нашр накардани гузоришҳои Абдуқаюми Қаюмзод огоҳ накарда буд.