Меҳмон Бахтӣ гуфт, даъво алайҳи Тутубалина супоришӣ нест
Меҳмон Бахтӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, иддаояшон алайҳи Олга Тутубалина, муҳаррири “Азия Плюс” ба маҳдуд кардани озодии сухан ва тарс додани журналистон дар арафаи интихоботи раисиҷумҳур равона нашудааст.
Меҳмон Бахтӣ нияти як гуруҳ зиёиёнро барои ба додгоҳ кашидани Тутубалина шарҳ дода, гуфт, ин ягон супорише дар арафаи интихобот нест: “Вақте, ки вай моро мебахшед, «гуҳ» мегӯяд, чӣ зиёиён бояд хап шинанд? Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хидмат накардааст, ҳамаро ҳақорат кардааст. Вай на танҳо зиёиёни тоҷик балки миллатро таҳқир кардааст. Тасаввур кунед, ки ҳамин хел одам дар ягон кишвари дунё, аз ҷумла Қирғизистон, Туркманистон ё Гурҷистон мебуд ва нисбати зиёиён ҳамин гапро мегуфт, зиёиён вайро пӯст мекарданд ё буз мекашиданд.”
Ахиран раҳбарони иттиҳодияҳои эҷодию илмӣ дар як ҷаласаи муштарак қарор карданд Олга Тутубалинаро, барои матлабаш таҳти унвони “Неинтеллигентно об интеллигенции” ба додгоҳ кашанд.
Меҳмон Бахтӣ таъкид кард, ки ин қарор ба зидди озодии баён ва маҳдуд кардани кори журналистон равона нашудааст: “Дар бисёри мавридҳо мо ба фикрҳои журналистон тарафдор ҳастем. Дар рӯзномаҳои ҳам давлатӣ ва ҳам ҳам хусусӣ фикрҳои хуб мегӯянд. Вақте барои беҳбудии ҷомеа, беҳбудии як кор як вазирро танқид мекунанд, мо чаро зидди журналистон бароем, вақте фикрҳояшон барои беҳбудии кор аст. Аммо Тутубалина миллатро таҳқир кардааст.”
Олга Тутабалина дар матлаби баҳсбарангезаш бозгашти шоири тоҷик Бозор Собирро аз Амрико ба Ватан баррасӣ карда, аз суханони Владимир Ленин, асосгузори давлати Шӯравӣ, ки гуфтааст, "Зиёиён на мағз, балки наҷосати миллатанд" кор бурдааст ва таъкид кардааст, ки ин суханонро метавон на танҳо нисбат ба Бозор Собир, балки нисбт ба бисёре аз зиёиёни дигар кор фармуд.
Аммо Раиси иттифоқи нависандагони Тоҷикистон мегӯяд, ин рӯзноманигор суханони Ленинро ҳам нодуруст кор бурдааст ва ҳатто эҳсос мешавад, ки нисбати тоҷикҳо як ҳисси бадбинӣ дорад.
Дар мавриди он, ки қарори ба додгоҳ кашидани Тутубалина ташаббуси кист, Меҳмон Бахтӣ изҳор дошт, ки ин кори танҳо Иттифоқи нависандагон ва Академияи илмҳо набуда, созмонҳои дигар низ ба ин ташаббус ҳамроҳанд: “Ба мо аз дигар шаҳрҳою ноҳияҳои Тоҷикистон занг зада, шикоят карданд, ки як одам чӣ ҳақ дорад, зиёиёни тоҷикро чунин мегӯяд. Як нафаре, ки эҳтимол чени нохуни пойи беҳтарин зиёиёни тоҷик хизмат накардааст, ҳамаро дашном додааст.”
Ба суоли “Озодагон”, ки аз додгоҳ чӣ талаб хоҳанд кард, Меҳмон Бахтӣ посух дод, ки “бигзор суд ҳар чизе, ки аз руи ҳақиқати воқеӣ ва қонунгузорӣ барои дашном додани ҳама пешбинӣ шудааст, ҳалнома барорад.”
Олга Тутубалина, муҳаррири нашрияи “Азия–Плюс” дар шарҳи иддаои зиёиёни тоҷик, изҳор дошт, ки барои баёни фикри шахсӣ набояд мавриди таъқиб қарор гирад. Тутубалина дар суҳбат бо “Озодагон” гуфт, “ҳанӯз моҳияти иддаоро бар зидди худам намедонам. Фикр намекунам, ки ин иддао асосе барои муроҷиат ба додгоҳ дошта бошанд. Дар матлабам танҳо фикри худамро гуфтаам, ки барои ин муҷозот намекунанд. Ба ҳар ҳол дар ҷомеаи демократӣ чунин аст.”