Пешниҳоди насби терминалҳои хайриявӣ дар масҷидҳо
Кумитаи кор бо дини ҷумҳурии Қазоқистон ният дорад, дар масҷидҳо терминалҳо барои хайрия гузорад.
Раиси кумитаи умури дини ин кишвар, Ҳайрат Лама Шариф дар суҳбат бо хабаргузориҳои қазоқ гуфтааст, айни ҳол масъалаи терминалҳо мавриди омӯзиш қарор дорад.
Тақрибан 70% аҳолии Қазоқистон (зиёда аз 11 миллион) пайрави дини Ислом буда, дар давлат 2300 масҷид ва зиёда аз 500 хонаи намоз вуҷуд доранд.