Интиқоди Э. Раҳмон аз корҳо дар роҳи Айнӣ-Панҷакент
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, зимни шиносоӣ бо рафти навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент, ки ҳадафи асосии сафараш ба вилояти Суғд арзёбӣ мешавад, аз рафти корҳо норозӣ мондааст.
Тибқи иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон маълум шуд, корҳо барои омодасозии қабати поёнии роҳ оғоз ёфта, кандани рӯйпӯши кӯҳнаи роҳ, васеъ намудани бари он ва мутобиқ гардонидан ба нишондиҳандаҳои лоиҳавӣ идома дорад: “Дар марҳилаи кунунӣ ба ин кор 120 адад техникаю механизмҳои гуногун, аз ҷумла мошинҳои боркаш, мошинҳои обпошӣ, булдозеру экскаватор ва ғелак сафабар шуда, 30 адад техникаи нави дигар рӯзҳои наздик ба ин ҷо расонда мешавад.”
Ба иттилои манбаъ Эмомалӣ Раҳмон аз суръати навсозии роҳи мошингарди Айнӣ-Панҷакент изҳори норозигӣ карда, супориш дод, ки барои ислоҳи ин ҳолат кор якбора дар зиёда аз 10 қитъаи роҳ ташкил карда шавад: “Таъкид гардид, ки то охири соли равон бояд 40% корҳо анҷом дода шавад. Ҳамчунин таъкид гардид, ки 90% мутахассисону коргарон бояд шаҳрвандони Тоҷикистон, пеш аз ҳама аз аҳолии маҳаллӣ бошанд.”
Раисиҷумҳури Тоҷикистон дастур додааст, ки тамоми корҳо бо сифати баланд анҷом дода шаванд, то ки ин роҳи дорои аҳамияти ҷумҳуриявӣ ва минтақавию байналмилалӣ ба стандартҳои ҷаҳонӣ мувофиқ гардида, солиёни дароз хизмат кунад.
Дарозии ин роҳ 113 км буда, 10 км-и дохили шаҳри Панҷакент иборат аз 4 хатти ҳаракат ва боқимондаи роҳ аз 2 хатти ҳаракат иборат буда, паҳноии роҳи духата 7 м хоҳад буд.