Сафват Бурҳонов ба "гуруснанишинии бемуҳлат"-аш поён дод
Сафват Бурхонов, рӯзноманигори тоҷик бо пахши як иттилоия хабар додааст, ки сар аз имрӯз, 17-уми июн ба гуруснанишинияш хотима мебахшад.
Бурхонов дар қатори омилҳое, ки сабаби қатъи гуруснанишинияш шудаанд, номбар кардааст: “а) пофишории шадиди дӯстону пайвандон, б) то ҷое расидан ба ҳадафҳои худ, в) вокуниши мақомоти кишвар, г) эҳтимолияти барои расидан ба ҳадафҳои худ истифода шудани эътирози ман аз ҷониби доираҳои ҳадафманд.”
Ин журналисти тоҷик менависад, ки “воқеан эҳсос кардам, ҷомеаи мо суду зиён ва неку бадро хубу дақиқ ҷудо мекунад. Муносибати якхелаи доираҳои ҳукуматӣ ва мухолифони он ба ман, бори дигар бароям исбот кард, ки вазифаи худро дуруст иҷро мекунам. Яъне на ҷонибдори ҳукумат ҳастам ва на ҷонибдори мухолифони он, менависам он чиро, ки мебинам.”
Бурҳонов мегӯяд, бо гуруснанишинии худ исбот кардааст, ки дар ҷомеаи мо агар шаҳрванд ҳадафҳои ғаразмандонаро пайгирӣ накарда, воқеан ақидаи худро баён кунад, гирифтори пайгирӣ намешавад: “Бори дигар исбот шуд, ки намояндагони кулли созмонҳои ба ном байнулмилали муқими Тоҷикистон ҳадафҳои ғаразмандона доранд ва хостгори ободии Ватани ман нестанд. Барои онҳо ҳадафи ягона ин сиёҳ кардану шантаж кардани Тоҷикистон ва ба мақсади худ истифода кардани ҷомеаи мо аст.”
Ин журналисти тоҷик инчунин зикр кардааст, ки “дар давоми гуруснанишӣ бархе ҳамкасбон дар паҳлӯям буданд ва китфи худро, дар доираи касбият, барои такя гузоштанд, исбот шуд, ки қисми зиёди «доираҳои журналистӣ» фурӯхташуда буда, аз беруни «доира» идора мешаванд.”
Сафват Бурҳонов мегӯяд, аз ҷониби мақомоти кишвар шунида ва дуруст фаҳмида шудааст: “Баъзе гурӯҳҳои фасод ва сиёсӣ кӯшиши истифодаи эътирози маро барои пиёдашавии ҳадафҳои худ мехоҳанд «дастак» кунанд, ки ин куллан муқобили раъйи ман аст. Бовар дорам, ки барои «ҳимояи демократия ва озодии инсон дар Тоҷикистон» чандин лоиҳаҳои грантӣ пешниҳод шуданд. Бо сари баланд эълон мекунам, ки ҳич гоҳ дар ягон равия «член» набудам, нестам ва намешавам. Ҳар ҷое, ки аз номи ман истифода шавад, ҳақ дорам, ки эътирози худро баён кунам.”
Сафват Бурҳонов, хабарнигори тоҷик, рӯзи 6-уми июн бо пахши номае аз “гуруснанишинии бемуҳлати сиёсӣ”-аш хабар дод. Оқои Бурҳонов дар ин номаи худ навишта буд, “вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ ва иҷтимоии кишварро, ки давоми солҳои истиқлолияти кишвар мушоҳида мекунам, ба тадриҷ рӯ ба қафо меорад. Дар ин давом инсон чеҳраи худро ҳамчун мавҷуди олӣ аз даст дод. Инсон, дар кишвари ман ба махлуқи беҳуқуқ табдил ёфт. Кулли сохторҳои давлатӣ фалач шуда, ба рукуди бебозгашт гирифтор шудаанд.”
Ин хабарнигори тоҷик дар идомаи номааш аз фасоди густурда ҳам нигаронӣ карда ва гуфта буд, “сохторҳо ва созмонҳои байнулмилали муқими Тоҷикистон низ умуман аз вазифаҳои худ фаромӯш кардаанд. Онҳо низ фасодолуда шудаанд.” Ӯ гуфта буд, то вазъ тағйир наёбад аз гуруснанишинӣ даст нахоҳад кашид.