Боздиди Раҳмон аз бузургтарин корхонаи тилои Тоҷикистон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, имрӯз, 17-уми июн, барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, ифтитоҳи як қатор иншооти нави иҷтимоию иқтисодӣ ба вилояти Суғд сафар кардааст.
Дафтари матбуоти раисиҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, боздиди Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳраки Суғдиёни шаҳри Паҷакент, аз ифтитоҳи коргоҳи холисгардонии тилло дар назди корхонаи муштараки Чину Тоҷикистон, “Зарафшон” оғоз ёфт: “Таъкид гардид, ки ин нахустин коргоҳи холисгардонии тилло то дараҷаи 99,99% аст. Аз ҷониби Эмомалӣ Раҳмон ба нахустин рехати 3 килограммаи тиллои холис рақами 1 гузошта шуд.”
Зимни боздиди Эмомалӣ Раҳмон зикр гардидааст, ки ин коргоҳ бо иқтидори ҳозирааш метавонад дар як сол то 7 ҳазор килограмм тиллои холиси дараҷаи 99,99% истеҳсол намояд. Ба иттилои роҳбарияти корхона, дар оянда иқтидори он ба истеҳсоли то 10 ҳазор килограмм тиллои холис дар як сол расонда мешавад.
Дар коргоҳи мазкур ҳоло наздики 70 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон бо кори доимӣ таъмин шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуоти раисиҷумҳур дар ҳузури Эмомалӣ Раҳмон таъкид шудааст, ки то охири соли 2013 асосноккунии иқтисодию техникии сохтмони коргоҳи коркарди миси холис аз ҷониби ширкати муштараки Зарафшон ба итмом расонда мешавад: “Ҳоло дар ширкати муштараки Зарафшон дар маҷмӯъ наздики 2300 нафар шаҳрвандони Тоҷикистон ва 39 нафар шаҳрванди хориҷӣ фаъолият доранд.”
Таъкид гардидааст, ки то соли 2015 барои афзун намудани нишондодҳои истеҳсолии ширкати муштараки Зарафшон иловатан зиёда аз 100 миллион доллари амрикоӣ маблағгузорӣ карда мешавад. То ин вақт тайи 6 соли кор дар кони Зарафашон ширкати чинии Зиҷин беш аз 210 миллион доллари амрикоӣ сармоягузорӣ намуда, ба буҷети кишвар 22 миллион доллари амрикоӣ андоз супурдааст. Истеҳсоли солонаи тилло ҳоло ба 1 тонна расидааст. Тибқи нақшаҳои мавҷуда то солҳои 2014-2015 истеҳсоли тилло ба 4-5 тонна ва шумораи коргарон бояд ба 3 ҳазор нафар расонда шавад.