Нома ба Рӯҳонӣ. Аз табрикот то умедвории Эмомалӣ Раҳмон
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, бо ирсоли як паём Ҳасани Рӯҳонӣ, раисҷумҳури нави Эронро, барои дарёфти ин мақом шодбош гуфтааст.
Бино ба хабари расонаҳои давлатии Тоҷикистон, дар ин номаи оқои Раҳмон таъкид шудааст, ки Душанбеву Теҳрон тамоми ҳамкорияшонро пеш аз ҳама бар пояи ҳамзабонию ҳамфарҳангӣ ба роҳ мондаанд ва ин ҳамкорӣ дар даврони раёсати Рӯҳонӣ низ идома хоҳад кард.
"Мо таҳкиму тақвияти минбаъдаи ҳамкориҳои гуногунарсаи судманди Тоҷикистону Эронро, ки ба заминаи безаволи ҳамзабонӣ, фарҳанги ягона ва анъанаҳои таърихии дӯстию бародарии мардумони ду кишвар такя мекунанд, ҷавобгӯ ба манфиатҳои олии ҳарду ҷониб медонем ва ба дурнамои онҳо бо назари нек менигарем",-таъкид шудааст дар нома.
Эрон баъд аз Чину Русия яке дигар аз кишварҳои асосии сармоягузор ба иқтисоди Тоҷикистон маҳсуб мешавад. То кунун Эрон нақб (туннел)-и “Анзоб” дар гарданаи Шаҳристон ва нерӯгоҳи “Сангтӯда-2” дар ҷануби Тоҷикистонро фаъол намудааст. Аммо чархаи дувуми ин нерӯгоҳ, ки бояд моҳи марти соли ҷорӣ ба кор андохта мешуд, то ҳоло ба таъхир уфтода далелаш ҳам рӯшан нест.
Ҳасани Рӯҳонӣ, номзади ислоҳталаб, дар интихоботи рӯзи 14-уми июн дар Эрон пирӯзӣ ба даст оварда, барои чаҳор соли оянда ба курсии президентӣ такя зад. Пеш аз оқои Рӯҳонӣ, Маҳмуди Аҳмадинажод ду бор чаҳорсолӣ ба ин курсӣ нишаста буд.