Аз Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи сафараш ба Кувайтро пурсиданд
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, охири ҳафтаи гузашта ба суолҳои як гурӯҳ рӯзноманигорони маъруфи кувайтӣ посух гуфтааст.
Тавре дафтари матбуоти раисиҷумҳур иттилоъ медиҳад, ин мусоҳиба, чун анъана, дар арафаи сафари давлатии қарибулвуқуи Эмомалӣ Раҳмон ба давлати Кувайт сурат гирифт.
Гурӯҳи хабарнигорони кувайтӣ, ки бо намояндагӣ аз шабакаҳои маъруфи телевизионӣ, агентиҳои иттилоотӣ ва рӯзномаҳои ин кишвари арабӣ ҳузур доштанд, аз ҳадафҳои сафари Эмомалӣ Раҳмон ба Кувайт, натиҷаҳои мунтазираи он, фазои ҳуқуқии сармоягузорӣ дар Тоҷикистон, имконоти рушди ҳамкории сиёсӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва фарҳангӣ пурсон шудаанд.
Ба иттилои дафтари матбуот президенти Тоҷикистон ба суолҳои хабарнигорони кувайтӣ посухҳои муфассалу густурда дода, аз ҷумла изҳор дошт, ки боздиди навбатии ӯ аз Давлати Кувайт, ки мақоми давлатӣ дорад, «оғозбахши марҳилаи сифатан нав дар муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар хоҳад буд».