ЮНИСЕФ гуруснагиро мушкили аслии кӯдакону занон дар Тоҷикистон гуфтааст
Намояндагии ЮНИСЕФ, Фонди кӯдакони СММ дар Тоҷикистон дар чорчуби барномаи беҳтар намудани сифати хӯрокаи атфол ва занон аз Русия 2,1 миллион доллар дарёфт кардааст.
Барномаи мазкур се соли ояндаро дар бар гирифта, дар доираи он 200 ҳазор кӯдаки сини аз 6 то 24 моҳа, 150 ҳазор зани ҳомила, 300 ҳазор муроқиби кӯдакони то 24 моҳа ва ҳамчунин 600 корманди ёрии аввалияи тиббӣ дар саросари Тоҷикистонро фаро мегирад.
ЮНИСЕФ гуруснагӣ миёни кӯдакон ва занонро яке аз мушкили аслӣ дар Тоҷикистон арзёбӣ кардааст.
Фонди кӯдакони СММ фаъолияти худро дар Тоҷикистон соли 1993 оғоз кардааст.