Президент дар бораи Зайд Саидов ҷавоб надод. Муроҷиат ба созмонҳо
Гурӯҳе аз рӯшанфикрони тоҷик тарҳи як муроҷиатнома ба созмонҳои байналмилалӣ дар мавриди боздошт ва нигаҳдории Зайд Саидов, раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони навро, дар Фейсбук гузоштаанд. Ин гуруҳ аз корбарони Фейсбук хостаанд, тарҳи муроҷиатномаи онҳоро хондаву пешниҳодҳояшонро бигӯянд ва ҳамовозӣ кунанд.
Муроҷиатномаи ин гуруҳ аз рӯшанфикрони тоҷик дар ҳоле навишта мешавад, ки қаблан онҳо аз раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон низ хоста буданд, ба қазияи Зайд Саидов расидагӣ ва ӯ аз боздошт раҳо шавад. Аммо онҳо мегӯянд, ин номаашон ба унвонии президент, ки рӯзи чоруми июн навишта шуда ва аз сӯи ҳаштод нафар имзо гардида буд, беҷавоб мондааст.
Дар тарҳи муроҷиатномаи онҳо, ки дар Фейсбук нашр шудааст, аз нақзи қонун дар мавриди боздошту нигаҳдории Зайд Саидов изҳори нигаронӣ шудааст. Ин аст, ки муаллифони муроҷиатнома боздошти оқои Саидовро сиёсӣ унвон кардаанд.
Дар тарҳи муроҷитаномаи рӯшанфикрон аз фишор болои аъзои Ҳизби наҳзати ислмоӣ ва латту кӯби Маҳмадалӣ Ҳаит ҳам ёдоварӣ шудааст. "Кор то ҷое расид, ки рӯзноманигор Сафват Бурҳонов барои риоя нашудани озодӣ ва арзишҳои инсон аз ҷониби ҳукумат ва давлати Тоҷикистон даст ба гуруснанишинӣ зад. Аз ин хотир мо лозим шуморидем, то арзи худро ба созмонҳои бонуфузи байналхалқӣ бирасонем",-омадааст дар нома.
Зайд Саидов, соҳибкори муваффақи тоҷик ва раҳбари гуруҳи ташаббускори таъсиси Ҳизби Тоҷикистони нав, рӯзи 19-уми майи соли ҷорӣ дар фурудгоҳ, ҳангоми бозгашт аз хориҷа, боздошт шуд ва ҳоло дар боздоштгоҳи Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон нигоҳдорӣ мешавад. Мақомот ӯро дар қаллобӣ ва бисёрзанӣ муттаҳам медонанд. Барои дифоъ аз оқои Саидов як кумитаи иҷтимоӣ дар доираи Эътилоф барои ҳимоят аз демократия ва ҷомеи шаҳрвандӣ ташкил шудааст.